1.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Севвумин рӯзи нишасти “Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо” дар шаҳри Варшава

Дар севвумин рӯзи нишасти “Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо” , ки дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон доир ба вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои узви созмон дар соли 2017 ҷараён дорад, мавзӯъи: “тазмини бархурдорӣ аз ҳуқуқи баробар ва иштироки мусовӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ” матраҳ шуд. Намояндаи ҳаракати мо Низомуддин Насруддинов дар нишасти имрӯзаи созмон перомуни чигунагии бархурдорӣ аз ҳуқуқи баробар ва иштироки мусовӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон суханронӣ ва гузоришҳо дод. Низомуддин дар рафти суханронияш адами бархурдорӣ аз ҳуқуқ ва иштироки баробар дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тасдиқ карда, ба ҳозирини нишаст баён дошт, ки воқеан дар Тоҷикистон як гурӯҳ ва ҳизбе, ки ҳокимият ва қудратро ба даст доранд, аз тамоми ҳуқуқ бархурдоранд, вале аксарияти мардум аз чунин неъмате маҳруманд. Ягона тазминкунандаи ин ҳама ҳуқуқ ва иштирокот дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон Сарқонуни кишвар аст, аммо ҳизби ҳоким ва роҳбари он Раҳмонов бо наздиконаш Сарқонунро канор гузошта, ончӣ ки ба дардашон мехурад ва аз манфиати эшон ҳарф мезанад , ба кор мебаранд ва намегузоранд, ки ҳама зери қонун баробар бошанд. Мардуми кишварро ба худию бегона ва диндору бедин ва хулас табақабандӣ намуда, вобаста аз кадом табақа будани шаҳрванд бо ӯ бархӯрд мекунанд.

Дар раддаи аввал Раҳмонов ва хонаводаю наздикони ӯ ҷой гирифтаанд, ки аз ҳама гуна ҳуқуқ бархурдоранд ва ҳатто худи онҳо муайян мекунанд, ки ҳуқуқ яъне чӣ ва чӣ касе бояд чӣ ҳаққе дошта бошад. Дар раддаи дуввум ҳамҳизбони ӯ, ки аксарияташ мансабдорони давлатӣ мебошанд ва аксари вақт аз ҳуқуқи худ бархурдор мегарданд. Дар раддаҳои сеюм мардуми бетараф ҷой доранд , гарчанде ки аз ҳамаи ҳуқуқи худ бархурдор набошанд, вале маҳдудиятҳои бештаре ҳам надоранд . Дар раддаҳои баъдӣ мардуми норозӣ ва ҳақталаб, мухолифон, диндорон, ва ё мухолифони бедин ва ё ғайри мутадаййин, фуқаро ва тоҷирону сиёсатмадороне ҳастанд, ки ҳамраъйи табақаҳои якуму дуввум нестанд. Аз ин рӯ ин гурӯҳ аз аксари ҳуқуқи хеш бархурдор набуда, дар ҳаёти сиёсию ҷамъияти шонси зиёди иштироки баробарро надоранд. Яке ҳаққи ташкили ҳизбу ташкили гирдиҳамоию тӯю тамошои сермасраф ва риш тарошидану ӯрён гаштан ва ҳаққи суханронӣ аз минбари телевизюни давлатӣ, тиҷорат ва амсоли инро дорад, чун пайвандӣ бо Раҳмонов ва ҳамфикрони ӯ дорад, вале дигаре ҳаққи риш гузоштану рӯймол пӯшидан ва таъсиси ҳизбу таблиғи он ва тиҷорат кардану озодандеш будан ва интиқод кардан , дар ҷашну маросимҳо ширкат кардан ва ҳаққи мансаберо соҳиб шуданро надорад , чун дигарандеш аст. Афроди табақаҳои баъдӣ аксаран зиндонию мавриди таҳдиду озору шиканҷа ва табъидӣ мебошанд. Намояндаи ҳаракати мо дар охири суханронияш дар нишасти имрӯзаи “Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ” аз кишварҳои узв тақозо карданд, то тазмингари бархурдорӣ аз ҳуқуқи баробар ва иштироки баробар дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварҳои узве бошанд, ки онҷо режими диктотурӣ ҳокимият мекунад.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза