10.1 C
Dushanbe
19.10.2025

Сафари Путин ба Душанбе ва ҳалокати тоҷикистониён дар ҷанги Украина

 

Дар таърихи ҳар миллат лаҳзаҳое фаро мерасанд, ки дар он на танҳо сиёсати давлат, балки шарафу номуси миллат аз озмоиши бузург мегузарад. Барои Тоҷикистон чунин лаҳзаҳо борҳо расидаанд. Аммо яке аз дардноктарин рӯзҳо он буд, ки диктатор ва ғосиб Раҳмонов бо лабханд ва гулдаста ҷинояткори байналмилалӣ — Владимир Путинро, ки бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад, истиқбол гирифт.

Дар ҳоле, ки тамоми ҷаҳон аз Путин рӯй гардондааст, вақте ки ҳатто собиқ шарикони Русия аз даъватҳои ӯ парҳез мекунанд, Раҳмонов дари кишварро барояш боз мекунад ва ба чеҳраи шахсе, ки дасти ӯ ба хуни садҳо ҳазор одамон олуда аст, табассум мебахшад. Дар он лаҳза тамоми дунё дарк кард, ки Раҳмонов танҳо як марионеткаи Путин аст, ки пурра аз ӯ вобаста мебошад.

Ҳукумати Раҳмонов созишномаи байналмилалие бо номи “Римский статус”-ро имзо кардааст, ки кишварҳоро уҳдадор менамояд бо Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ ҳамкорӣ кунад ва афроде, ки ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳаманд, боздошт ва ба додгоҳ супорад. Аммо диктатор Раҳмонов ин ӯҳдадориҳоро сарфи назар намуд. Ӯ на танҳо қонуни байналмилалиро шикаст, балки қонуни шараф ва виҷдони инсониро низ поймол кард.

Ҳангоми сафари Путин ба Душанбе, роҳҳо баста шуданд, беморхонаҳо ва тиҷоратҳо аз кор монданд — танҳо барои касе, ки бояд дар курсӣ айбдоршавандагон менишаст, на дар пойтахти кишвари мо. Ин амал на дипломатия, балки рамзи тарс ва ғуломии сиёсӣ буд.

Маҳз ҳамин Путин, ки Раҳмонов ӯро «дӯсти стратегӣ» мехонад, садҳо муҳоҷири тоҷикро ба майдони ҷанг фиристод. Дар моҳҳои охир ҳазорҳо шаҳрвандони мо — баъзе бо зӯр, баъзе бо фиреб — ба ҷанги Украина бурда шуданд. Бисёре аз онҳо дигар барнагаштанд. Чанд рӯз пеш дар расонаҳои украинӣ эълон шуд, ки беш аз 440 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Ҳар сол аз Русия ҳазорҳо тобутҳои дигар меоянд — бо ҷасадҳои муҳоҷироне, ки дар сохтмонҳо ва корхонаҳо ҷон додаанд. Аммо Раҳмонов хомӯш аст. На таъзия, на талаб ба таҳқиқ, на ягон вокуниши расмӣ.

Чаро? Зеро барои Раҳмонов ризоияти соҳибаш — Путин — аз ҷони шаҳрвандони худ арзишмандтар аст.

Барои фаҳмидани фарқи роҳбар ва ғулом, кофист ба як мисол назар афканем — ба Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон. Вақте Русия ҳавопаймои озариро сарнагун кард ва даҳҳо шаҳрванд кушта шуданд, Путин хомӯш монд. Аммо Алиев — не. Ӯ бо қатъият талаб кард, ки Русия масъулияти пурраи ин амалро ба гардан гирад. Ӯ изҳор дошт, ки ҳаёти шаҳрвандони кишвараш муқаддас аст ва ҳеҷ қудрате ҳақ надорад онро поймол кунад. Дар натиҷа, Путин маҷбур шуд узр пурсад — бо сари хам, аз роҳбари як кишвари хурд, вале озод.

Ин аст фарқи миёни раҳбар ва тобеъ, миёни истиқлол ва зиллат.

Имрӯз Тоҷикистон, ки аз лиҳози масоҳат, сарватҳои табиӣ ва захираҳои обӣ кишваре бузург аст, аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ чандин маротиба аз Озарбойҷон ақиб мондааст. Сабаб — диктатура, фасод ва вобастагии Раҳмонов.
Алиев метавонад бо Путин баҳс кунад, метавонад “не” бигӯяд, метавонад талаб намояд. Аммо Раҳмонов бошад, танҳо хомӯшона ба чашмонаш менигарад.

Дар давоми даҳсолаҳои ҳукмронии Раҳмонов сарватҳои табиии Тоҷикистон — тилло, алюминий, ангишт ва захираҳои обӣ — ба дасти русҳо ва чиниҳо гузаштаанд. Ҳар як созишномаи имзошуда ба нафъи онҳо аст, на ба манфиати мардум. Нерӯгоҳҳо ба ширкатҳои хориҷӣ барои солҳои зиёд дода шудаанд, конҳо бо шартҳои махфӣ фурӯхта шудаанд. Дар кишвар бошад — фақр, бекорӣ ва муҳоҷират ҳукмфармост. Ҳукумат ҳар рӯз мардумро бо дурӯғ ва шиорҳои холӣ фиреб медиҳад, вале ҳақиқат як аст: зери ҳукмронии диктатор Раҳмонов Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол нест.

Тоҷикистон сазовори сарбаландист. Мо миллати дорои таърихи ҳазорсолаем, соҳиби забони шоирона, фарҳанги ғанӣ ва фарзандони оқилу далер. Аммо имрӯз моро ба ҳолате расондаанд, ки Раҳмонов ба ҷойи ҳимояи миллат, ба ҷинояткор хизмат мекунад. Ӯ, ки бояд пушти мардуми худ меистод, мутаассифона имрӯз ғуломи Кремл шудааст.

Вақте дар Русия муҳоҷирони моро мекушанд — ӯ хомӯш аст.
Вақте фарзандони моро ба ҷанг мефиристанд — ӯ хомӯш аст.
Вақте Путин ба Душанбе меояд — ӯро бо гулу гулдаста ва тантанаҳои давлатӣ пешвоз мегиранд.

Ин хомӯшӣ дигар сиёсати бетарафӣ нест — ин хиёнат аст.

Аммо ҳар як зулм поёне дорад. Мардум мебинанд, мешунаванд ва мефаҳманд.
Ҷавононе, ки дар сарзамини бегона ҷон медиҳанд, падару модароне, ки фарзандонашонро аз даст медиҳанд — бояд дарк кунанд: то вақте ки ин золим бар қудрат аст, Тоҷикистон озод намешавад.

Миллат бояд бифаҳмад: истиқлолият дар гул овардан ба ҷинояткор нест.
Ӯ роҳи зиллатро интихоб кард.
Мо бояд роҳи шарафро интихоб кунем.

 

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза