-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

Сарчашмаи кумакҳои хайриявии хонаводаи Раҳмонов аз куҷост?

Дар замони ҳамагири бемории КОВИД-19  ва арафаи моҳи шарифи Рамазон дар Васоити ахбори оммаи кишвар номҳои аъзои оилаи Президент, ки ба аҳолӣ кумаки хайриявӣ мерасонанд, бештар садо доданд.

То ин дам  мо аллакай дар бораи писари Президент –  Рустами Эмомалӣ, ки дар як муддати кутоҳ  “зинаҳои баланди вазифа”-ро тай кард ва  духтараш Озода Раҳмон, ки Дастгоҳи Президентро сарварӣ мекунад, шунида будем.  Ҳамчунин дар бораи набераи Президент, писари Рустами Эмомалӣ – Анушервон ҳам баъзе чизҳоро шунидем,  аммо то ба ҳол дар бораи намуди фаъолияташ хонаводаи Раҳмонов ягон тасмим нагирифтааст; баъзан мебинем, ки ӯ “футболбози боистеъдод” аст ва гоҳе  “савори боистеъдод”, хулоса “ифтихори миллат”. Аммо зоҳиран мардум  ин “варзишгари боистеъдод” -ро бо рағбати махсус истиқбол накарданд ва иммиҷсозони  Президент тасмим гирифтанд, ки маҳбубият ва  муҳаббати миллатро нисбат ба хонаводаи Президент  бо сохтани иммиҷи “соҳибкорони боистеъдод”, ки ба нафъи мардум хидмат  мекунанд, ба даст  оваранд. Ҳамин тавр, аз номи Президент ва бо ташаббуси ӯ тамоми хонаводаи Президент фавран ба корҳои хайрия машғул шуданд.

Чунин ба назар  мерасад, ки дар ин кор  ҳеҷ чизи ғайримуқаррарӣ  нест, агар ба ин ду нукта таваҷҷуҳ накунем:

-Аввалан ҳамаи иқдомҳои хайрия бештар ба маъракаи таблиғотӣ  ва сохтани имиҷи ҷаззоби хонаводаи Президент монанд ҳастанд;

-Ва нуқтаи дуввум, онҳо воқеан он чизеро, ки ин қадар саховатмандона ба мардум тақдим мекунанд, ба куҷо меёбанд?

Тӯли як моҳи охир тақрибан ҳар рӯз  Васоити ахбори омма чорабиниҳои хайрияи Ҳукуматро ба таври васеъ инъикос мекарданд ва ҳамаро даъват менамуданд, ки “ба ташаббуси хайрияи Пешвои миллат пайравӣ кунанд”, ба беморхонаҳои кишвар барои мубориза бо вируси бемории КОВИД-1 кӯмакҳои башардӯстона фиристанд.

Ба таври мисол 16 май телевизиони давлатӣ гузоришеро дар бораи “корвони кумак” иборат аз 140 мошин, ки ба сӯи беморхонаҳои вилояти Суғд ҳаракат мекард, намоиш дод. Онҳо муддати тӯлонӣ  бо рангҳо нишон доданд, ки мо чи гуна як  Президенти “ғамхор” дорем. Аён аст, ки  ин нақша на танҳо хусусияти иттилоотӣ, балки таблиғотии “ғамхори мардум будани Президент” – ро дошт. Дар омади гап, бисёр шоҳидон гуфтанд, ки беш аз нисфи мошинҳо холӣ буданд.

Қабл аз ин Васоити ахбори омма  борҳо дар бораи ёрии Президент барои дастгирии табибон  ва кумакҳои башардӯстонаи “соҳибкори ватанӣ” ва домоди Президент Шамсулло Соҳибов ба беморхонаҳо  ва аҳолии вилояти Хатлон хабар дода буданд.  Кумаки духтари Президент Озода Раҳмон ба беморхонаи Данғара низ дар матбуот ба таври васеъ инъикос ёфт.

12 май дар бораи кумаки ғизоии  Исмоили Маҳмадзоҳир, “соҳибкори ҷавон”, набераи калонии Президент  барои оилаҳои ниёзманд дар манотиқи гуногуни кишвар маълумот нашр шуд. Ин иқдом бо дастури Президент оид ба дастгирии камбизоатон дар арафаи Иди саиди Фитр амалӣ карда шуд.  Исмоили Маҳмадзоҳир инчунин ба оилаҳои аз офати табиӣ  зарардидаи минтақаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳангоми пандемия ба оилаҳо кумаки ғизоӣ расонидааст.

Гӯё, ки ҳама чиз хуб аст, аммо касро эҳсоси  номатлубе фаро мегирад, ки ин кумакҳо аз дили соф нестанд, зеро вақте ки онҳо дар ҳақиқат мехоҳанд кумак расонанд, онро таблиғ набояд кард  ва дар бадбахтии дигарон ба худ имиҷ набояд сохт.

Ва дер интизор шудан лозим наомад, ки аз ин  “бозии Робин Ҳуд” носодиқона будани нақшаҳои хонаводаи Президент маълум гардид . Аввалин ҷанҷоли ҷиддӣ замоне сар зад, ки дар навори кӯмаки “Гурӯҳи Авесто”, ки як қисми саҳмияҳо ба Рустами Эмомалӣ тааллуқ дорад, як қуттӣ бо нишони дӯстии Тоҷикистону Чин, яъне кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Чин нишон дода шуд.  Маҳз ҳамон вақт бисёриҳо дар бораи он, ки ҳаҷми кӯмаки башардӯстонаи дигар кишварҳо  барои мубориза бо вируси куруно  назар ба кумаки  Ҳукумати кишвар борҳо зиёдтар аст, сухан гуфтанд, аммо бо баъзе сабабҳо ВАО дар бораи кумаки дигар кишварҳо хомӯш буданд ва то ба ҳол маълум нест, ки ин кумакҳо чӣ гуна ва дар куҷо тақсим шуданд.

Мардум фаҳмиданд, ки онҳоро фиреб медиҳанд, дору ва лавозимоти дигаре, ки Президент ва атрофиёнаш аз номи худ ин қадар саховатмандона ба мардум  тақсим мекунанд, ин ҳамон  кумакҳои башардӯстонаи  кишварҳои дигар аст. Инчунин  дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳое аз шоҳидони айнӣ пайдо шудан гирифтанд, ки ба истилоҳ “корвонҳои кӯмак” -и Президент дар дохили кишвар  бо мошинҳои холӣ чарх мезананд ва расонаҳо  ҳангоми фаровардани кумакҳо   гузоришеро дар ин бора ба навор мегиранд, вале  пас аз он кумакҳо дубора ба мошинҳо бор карда шуда, ба дигар минтақаҳо интиқол мегарданд.

Агар ба масъала амиқтар назар андозем, метавон ба чунин хулоса омад, ки аз ҷониби Президент расонидани кумак ба мардум ин вазифаи бевоситаи ҳокимияти давлатӣ буда,  набояд таблиғу тарвиҷ шавад. Баъдан ин кумакҳо аз ҳисоби Фонди махсуси Президент расонида мешаванд ва дар навбати худ ин Фонд  аз ҳисоби  буҷаи кишвар, яъне аз пули худи мардум маблағгузорӣ  мегардад. Пас ин пули худи мардум аст, на пули Президент!

Дигар ин, ки мутобиқи қонунгузорӣ кормандони сохторҳои давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба тиҷорат машғул шаванд. Дар ин сурат сарчашмаи кумакҳои башардӯстонаи   фарзандони Раҳмонов, ки дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор мекунанд, аз куҷост? Чаро онҳо боре дар бораи сарчашмаи ин даромадҳои худ ҳисобот намедиҳанд?

Ва ниҳоят мардум чаро дар бораи теъдод ва арзиши асбу мошинҳои  набераи калонии Президент маълумот дорад, вале  дар бораи  сарчашмаи кумакҳои башардӯстонаи ӯ ва навъи тиҷорату ширкатҳояш чизеро намедонад?

 

 Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза