Рӯйдодҳои хунини Бадахшон.
Амалиёти Рӯшон ва қатлу саркӯби мардуми бесилоҳ.
Пас аз бархурди хашини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муътаризин ва шунида нашудани садои онҳо 16 май дар шаҳри Хоруғ мардуми аз сиёсати ҳукумати диктатории Раҳмонов норозӣ 17-уми май дар ноҳияи Рӯшон ҷамъ омада, монеи ҳаракати низомиён аз Душанбе ба самти Хоруғ шуданд.
Рӯзи 18-уми май низомиёни силоҳбадасти ҳукуматӣ таҳти унвони “Амалиёти зиддитеррористӣ” ба мардуми бесилоҳи ноҳияи Рӯшон ҳамла карданд, ки дар натиҷа 9 нафар, аз ҷумла як сарбоз кушта ва 24 кас, аз ҷумла 13 сарбоз захмӣ шуданд ва 70 нафар дастгир гардиданд. Вале манобеи ғайрирасмии дигар дар бораи кушта шудани 25 нафар хабар доданд.
Ҳукумати ҷиноятпешаи Раҳмонов барои рӯпӯш кардани ҷинояти навбатии худ мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор кард, дар ҳоле, ки сокинон гуфтанд, мардум танҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб қарор доштанд.
Тибқи нақли мардуми маркази ноҳияи Рӯшон кормандони умури дохилӣ ба хонаҳои мардум даромада, аз ҷумла талаб карданд, ки мардҳо ва писарон дар ҷустуҷӯйи афроди дар пайгард қарор дошта онҳоро раҳнамоӣ кунанд. Асосан онҳо ҷустуҷӯ мешуданд, ки рӯзи 17-уми май хостанд дар маркази ноҳия ба нишони эътироз гирдиҳамоӣ кунанд.
Мақомоти интизомӣ дар идомаи “амалиёт” дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 31 май панҷ сокини маҳаллиро ваҳшиёна ба қатл расониданд ва як нафарро дастгир карданд. Вазорати корҳои дохилӣ ин ҷинояти навбатии худро мубориза бар зидди “гурӯҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ” арзёбӣ кард ва эълом намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷойи ҳодиса як теъдод силоҳу муҳимот ба даст оварданд. Вале ин ҳама саҳнасозиҳо кори дасти худи мақомот буд.
Ҳукумати саркӯбгар ва ҷиноятпешаи Раҳмонов мақсад дошт бо ин куштор ва ба хоку хун кашидани мардуми бегуноҳ чашми мардуми озодандеш ва ҳақиқатпешаро тарсонад ва оташи дили онҳоро хомӯш кунад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24