9.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Рӯзи шашум аз нишасти “Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо” дар шаҳри Варшава

Имрӯз, 18-уми сентябр, рӯзи шашум аз нишасти “Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ” перомуни вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҳампаймони созмони мазкур дар соли 2017-ум, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон ҷараён дорад, поён ёфт. Дар бахши бомдодӣ аз нишасти имрӯза, намояндаи ҳаракати мо, мудири бахши равобити хориҷии “Гурӯҳи 24″ – Нуриддини Ризоӣ, дар мавзӯъи ” Таҳаммулпазирӣ ва адами табъиз, аз ҷумлаи: ҳуқуқи афроди мутааллиқ ба ақаллиятҳои миллӣ”, аз ҳолати ногувори ҳуқуқи ақаллиятҳои мардуми ВМКБ гузориш дод . Ҷаноби Ризоӣ дар гузориши худ аз фурӯхта шудани порчае аз замини Бадахшон, ки соли 2011-ум аз ҷониби ҳукумат фурӯхта шуд, ёдовар шуд. Нуриддин Ризоӣ инчунин ҳукумат ва Раҳмоновро ба он муттаҳам кард, ки соли 2012-ум ба таври ваҳшиёна ва хилофи қонун, аз зӯри артиши кишвар ба кор бурда, ба ВМКБ ҳуҷум овард ва қисмате аз мардуми осоиштаи бесилоҳро ба қатл расонид. Дар ҳақиқат, он чизе дар Хорӯғ гузашт метавон онро “наслкуши” номид.

Дар бахши пас аз нисфирӯзии нишасти имрӯзаи “Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ” намояндаи ҳаракати мо аз Русия, ҷаноби Файзуллоҷон Сафаров дар мавзӯъи ” Масоили башардӯстона ва ӯҳдадориҳои дигар” перомуни ” мубориза бо қочоқи инсон , паноҳандагон ва афроди овора , шахсоне, ки дар маърази хатари ҷобаҷокунӣ қарор доранд ” суханронӣ намуд. Ҷаноби Сафаров дар гузориши худ аз ширкати “Имкон 2015”, ки мутааллиқ ба наздикони Раҳмонов ҳаст, ном гирифт ва ёдовар шуд, ки чӣ гуна занонро ба баҳонаи кор дар хориҷ ва ба хусус дар кишварҳои арабӣ, ба бардаи мудерн (навин) табдил додааст. Ӯ инчунин, дар бораи афроде, ки воқеан бо хатар рӯ ба рӯ ҳастанд ва дар маърази ҷобаҷакунӣ қарор доранд ва ё дар марзҳо бозмондаанд, гузориш дод.

Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти имсолаи созмони мазкур ширкат накардаанд ва бояд ёдовар шавем , ки дар нишасти соли гузашта аз ” Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ” низ, бо баҳонаи эътироз дар рӯзи чаҳорум аз нишаст , тарки толор карданд ва дигар ҳузур наоварданд. Конфронси имсолаи созмон то 22-юми моҳи ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза