27 июн дар тақвими расмии Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи ваҳдати миллӣ” қайд шудааст — рӯзе, ки ба поён расидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки соли 1997 дар Маскавро таҷассум мекунад. Аммо оё воқеан 27 июнро метавон ҷашни ваҳдати миллӣ номид, вақте ки тарафи дигари сулҳ — Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионӣ — на танҳо аз саҳнаи сиёсии кишвар берун андохта шуд, балки дар баробари ҳазорон ҷонибдоронаш саркӯб, зиндонӣ ва кушта гардид?
Созишномаи сулҳи соли 1997 миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии тоҷик (ИНОТ) баъд аз панҷ соли хунрезӣ, ки садҳо ҳазор нафарро ба марг, бехонумонӣ ва гурезагӣ дучор кард, ба имзо расид. Тибқи ин созишнома, оппозитсия ҳаққи ишғоли 30% аз вазифаҳои давлатӣ ва иштирок дар сохторҳои сиёсиро пайдо кард. Аммо ҳанӯз чанд сол нагузашта, Диктатор Раҳмонов, ки он замон ба ҳайси раисиҷумҳури муваққат шинохта мешуд, бо истифода аз фурсат, қадам ба қадам ва бо шеваҳои гуногуни зӯрӣ тарафи дигари сулҳро аз саҳна канор зад.
Аксари раҳбарони ИНОТ ё тарки Ватан карданд ё зиндонӣ ва ё қатл гардиданд. Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки яке аз сутунҳои асосии ИНОТ буд, соли 2015 ғайриқонунӣ ва бо тӯҳмат террористӣ эълон шуд. Ба ин тартиб, сулҳе, ки метавонист пояи як Тоҷикистони фарогир, гуногунандеш ва мардумсолорӣ бошад, табдил ба василаи тақвияти диктатураи шахсӣ гардид.
Имрӯз, вақте ки режими Диктатурии Раҳмонов рӯзи 27 июнро бо карнаю сурнай ва табли сарусадо таҷлил мекунад, миллионҳо шаҳрванди кишвар аз муҳтоҷӣ ва муҳоҷират ранҷ мебаранд. Ҳар касе, ки садои мухолифат баланд мекунад, зери зарбаи дастгоҳи репрессивӣ қарор мегирад. Ҳамон ҷавононе, ки пас аз ҷанг ба дунё омадаанд, имрӯз ё дар зиндонанд, ё дар муҳоҷират, ё таҳти фишори ниҳодҳои амниятӣ қарор доранд — танҳо ба хотири инки ҳақиқатро талаб мекунанд ва озодӣ мехоҳанд.
Маҳз ҳамин рӯз, ки бояд рамзи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ мебуд, ба василаи таблиғоти якҷонибаи режим табдил ёфтааст. Ваҳдати воқеӣ он аст, ки дар он садои ҳар гурӯҳ ва ҳар шаҳрванди кишвар шунида шавад — на онки як гурӯҳ бо номи “миллат” ҳукмронӣ кунад ва дигаронро “хоин” ва “ифротгаро” хонад.
Ба ваҳдати ҳақиқӣ роҳ дароз аст — вале мо равонаем…
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ва дигар гурӯҳҳои сиёсӣ, ки берун аз кишвар фаолият мекунанд, идомаи ҳамон садои фурӯхомӯшшудаи ваҳдати ҳақиқист — ваҳдате, ки дар он барои ҳар кас ҷой аст: мусалмон ва ғайримусалмон, деҳотӣ ва шаҳрнишин, муҳоҷир ва сокини ватан…
Мо мутмаинем, ки бо бедории сиёсӣ, муборизаи фидокорона ва муттаҳидсозии мардум, Тоҷикистон рӯзе дубора соҳиби як ваҳдати миллии воқеӣ хоҳад шуд.
Бо эҳтиром, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”
27.06.2025