6.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Рӯзи байналмиллалии ҳуқуқи башар ва беҳуқуқӣ ё ҳуқуқвайронкунӣ дар Тоҷикистон

 

10-уми декабр, Рӯзи байналмиллалии ҳуқуқи башар, моро водор месозад, ки на танҳо ба дастовардҳои башарият дар самти ҳуқуқи инсон назар афканем, балки ба дардҳо ва мушкилоти онҳое, ки ҳуқуқашон зери по шудааст, диққат диҳем. Ин рӯз барои мардуми тоҷик, ки солҳо боз зери як низоми худкома азият мекашанд, фурсати ёдоварӣ аз сарнавишти талхи онҳое мебошад, ки барои ҳақиқату озодӣ ҷоннисорӣ карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир, бо шиддат гирифтани фишорҳо, озодии баён, андеша ва фаолияти шаҳрвандиро маҳдуд намуда, рӯзноманигорон, сиёсатмадорон ва фаолони ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳадаф табдил додааст. Дар қатори онҳо номҳои зиёде ҷой доранд, ки ҳар кадоме рамзи муборизаи худ барои адолат ҳастанд.

Мисолҳои равшан рӯзноманигороне ҳастанд, ки бо навиштаҳои худ мехостанд адолатро эҳё кунанд. Аз ҷумла, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Улфатхоним Мамадшоева ва дигарон, ки ҳар яке барои ошкорсозии фасод ва зулм кӯшиш мекарданд, ҳоло дар зиндони режими худкомаи Раҳмонов қарор доранд. Ба онҳо иттиҳомоти беасос зада шуд, танҳо барои онки садои ҳақиқатро баланд карданд.

Фаолони сиёсии дар зиндон буда,
Номҳое чун Маҳмадалӣ Ҳайит, Зубайдуллоҳи Розиқ, Бузургмеҳр Ёров ва Иззат Амон рамзи он шудаанд, ки чӣ гуна режим ба таври системавӣ тамоми василаҳоро барои хомӯш кардани мухолифин истифода мекунад. Бузургмеҳр Ёров, ки бо шуҷоати худ ҳимоятгари ҳуқуқи мардум шуд, танҳо барои иҷрои вазифаи худ ба зиндон андохта шуд.

Сарнавишти Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов
Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов, ки барои орзӯи як Тоҷикистони озод мубориза мебурданд, мисоли равшани фишор ва таъқиби сиёсии режим ҳастанд. Сӯҳроб Зафар, роҳбари собиқи “Гурӯҳи-24”, бо вуҷуди онки ҳамеша роҳи осоиштаро барои ислоҳот интихоб мекард, моҳи марти соли 2024 аз Туркия рабуда ва ба Тоҷикистон оварда шуд. Насимҷон Шарипов низ дар ҳамин давра бо ҳадафи хомӯш кардани садояш дар Туркия боздошт ва истирдод гардид.

Садои мо куҷост?
Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар бораи ҳуқуқҳои инсон суҳбат мекунад, мо бояд фаромӯш накунем, ки дар Тоҷикистон ҳазорон нафар барои ҳақиқат, адолат ва орзӯи зиндагии беҳтар ба таври беадолатона зиндонӣ шудаанд. Ҳар як ин шахс рамзи шуҷоат аст ва ҳар як нидои онҳо ҳаққи моро барои як зиндагии шоиста таҷассум мекунад.

Имрӯз, дар ин рӯзи муборак, биёед бо ёдоварии номи онҳо ва талош барои озодии онҳо, ба ҷаҳониён собит кунем, ки садои хомӯшии тоҷиконро дигар беэътибор гузошта наметавонанд.

Рӯзи байналмиллалии ҳуқуқи башар бояд на танҳо як рӯз барои мулоҳиза бошад, балки як фурсати амал барои ҳар яки мост. Ҳуқуқи инсон – ин сарвати умумии башарист. Биёед онро бо талошҳои ҳамагонӣ ҳимоя кунем!

Бо эҳтиром ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза