0.1 C
Dushanbe
21.12.2024

РАҲОИИ АЪЗОИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” БАЪД АЗ ЯК РӮЗ ДАР КИШВАРИ ИТОЛИЁ

Субҳи 21-ум ва 22-юми апрели соли ҷорӣ намояндагони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” иборат аз ду даста барои истиқболи гарми Эмомалӣ Раҳмонов вориди шаҳри Рими кишвари Итолиё шуданд. Дастаи аввал субҳи 21-уми апрел вориди шаҳри Рим шуда буд ва дастаи дуввум дар санаи 22-уми апрел аз самти дигар ворид шаҳри Рим шуданд. Пас аз расидан ба шаҳри Рими Итолиё, назди қасри сарвазир рафтанд, зеро тибқи гузоришҳои расмӣ, ки дар сомонаи ҳукумати Итолиё нашр шуда буданд, мебоист Раҳмонов ҳамонрӯз бо сарвазири Итолиё дар қасри миллат вохӯрӣ анҷом медод, аммо ин хабари расмӣ дурӯғ баромада, Раҳмонов бо президенти ин кишвар – Серҷо Маттарелла дар назди қасри президент-Квиринал дидору мулоқот кардааст.

Фаъолони ҳаракат пас аз дарёфти маълумоти фаврӣ ба суроғаи зерин ҳаракат карданд, вале дар роҳ аз ҷониби пулиси шаҳри Рим боздошт шуданд. Мақомоти Раҳмонов пеш аз сафари Ӯ маълумоти хусусии аъзои “Гурӯҳи-24”-ро дар ихтиёри мақомоти Итолиё гузоштаанд, то ки аз амалиёти “Гурӯҳи-24” пешгирӣ намоянд. Онҳо аз санаи 23-уми апрел соати 15:00 дастгир шуданд ва дар санаи 24-уми апрел соати 17:00 бо вақти аврупо озод карда шуданд. Полисҳои шаҳри Рим онҳоро пас аз тафтишоти мақомоти шаҳри Рим аз ҳисоби оне, ки ҳеҷ асари қонуншикание аз онҳо пайдо накардаанд, озод карданд.

Маълумоти бештаро аз забони худи иштирокунандагони ин ҳамоиш дар кӯтоҳтарин фурсат нашр мешавад. Моро дар сомонаҳои гурӯҳ пайгирӣ намоед! Пешопеш сипосгузорем аз дастгириятон!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза