-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

РАҲМОНОВ МЕХОҲАД БО ТАХРИБ КАРДАНИ ҶОЙҲОИ ТАЪРИХИИ КИШВАР ФАРҲАНГИ ИН МИЛЛАТРО НОБУД СОЗАД!

 

Дар чанд рӯзи охир, хабари нигаронкунанда ва аслан нанговар ба гӯши ҳар як фарди ватандӯст расид. Тибқи изҳороти раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низом Мирзозода, биноҳои таърихии Чойхонаи “Роҳат” ва Театри академи – драмавии ба номи Лоҳутӣ тахриб хоҳанд шуд. Ин тасмим, ки зоҳиран бо далели «навсозӣ» ва «рушд» гирифта шудааст, аммо воқеан як шакли нахусти бемасъулиятӣ ва беҳувиятӣ дар идоракунии фарҳанги миллист. Дар пасманзари чунин тасмимҳо оё метавонем бигӯем, ки воқеан касоне, ки имрӯз роҳбарияти фарҳангӣ ва меъмории мамлакатро дар даст доранд, ба маънои томаш шахсони бедониш ва беҳувиятанд, ки ба осорхои таърихии миллат чашми тамаъ доранд.

Чойхонаи “Роҳат” на танҳо як макони истироҳат ва ғизохӯрӣ, балки як қисми таърихи зиндаи шаҳри Душанбе мебошад. Ин бино бо тарҳи меъмории нотакрор ва нақшҳои миллӣ, ки дар он истифода шудаанд, ҷузъи мероси фарҳангии Тоҷикистон мебошад. Хеле афсӯс аст, ки шахсоне, ки бояд посдори ин мерос бошанд, акнун барои ба хароба табдил додани он кӯшиш доранд.

Чойхонаҳо дар фарҳанги тоҷикии мо на танҳо макони истироҳат, балки ҷойгоҳи муҳими муошират ва гуфтугӯҳои фарҳангиву иҷтимоӣ мебошанд. Ин чойхонаҳо, ки бисёре аз онҳо бо нақшу нигор ва ороишҳои анъанавии тоҷикӣ оро ёфтаанд, ҷойгоҳи махсус дар дилу дидаи ҳар як тоҷик доранд. Аммо имрӯз, дар пайи чунин тасмимҳо, мо шоҳиди он мешавем, ки бо баҳонаи “рушди шаҳр” осори фарҳангии мо аз байн бурда мешавад. Азбаски муҳандисон ва шахсони масъули қарорҳои чунин тасмимҳо зоҳиран аз арзиши таърихӣ ва фарҳангии ин маконҳо огоҳ нестанд ё онро нодида мегиранд, мо ҳамчун миллат бояд кӯмак кунем, то арзишҳои худамонро ҳифз намоем.

Театри Лоҳутӣ, ки яке аз маъруфтарин театрҳои Тоҷикистон мебошад, таърихи зиёда аз 90-сола дорад. Ин театр дар тӯли таърихи худ на танҳо саҳнаи намоишҳои бузург ва ҳунарнамоии ҳунарпешагони номдор буд, балки як қисми муҳими мероси фарҳангии миллатамон мебошад. Азми тахриби ин бино на танҳо беэҳтиромӣ нисбат ба фарҳанг ва таърих, балки нишонаи равшани ҷоҳилӣ ва камбуди маърифати фарҳангӣ мебошад.

Вақте, ки раҳбарони кишвар тасмим мегиранд, ки чунин биноҳои таърихиро тахриб кунанд, мо бояд савол диҳем; Оё онҳо арзиши ин осорхонаи зиндаро дарк мекунанд? Ё онҳо бо тасмимҳои худ фақат мехоҳанд ба таври зоҳирӣ шаҳрро “модернизм” кунанд? Аммо ба кадом қимат? Ба қимати аз даст додани ҳувияти миллии мо? Ба қимати хароб кардани ёдгориҳое, ки барои наслҳои оянда ҳамчун намунаи арзишҳои фарҳангӣ бояд боқӣ монанд?

Ба назар мерасад, ки чунин тасмимҳо на аз сабаби надонистани таъриху фарҳанг, балки аз сабаби беҳувиятии шахсони масъул гирифта мешаванд. Беҳувиятҳо, ки ба фарҳангу таърихи миллат эҳтиром надоранд, роҳбарони имрӯзаро иҳота кардаанд ва ин барои фардои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад.

Агар чунин шахсон тасмимгирони асосӣ бошанд, пас мо бояд дар бораи ояндаи фарҳанг ва таърихи худ сахт фикр кунем. Чӣ тавр мумкин аст, ки осорҳои бебаҳои фарҳангӣ ва таърихии миллатамон бо баҳонаҳои сохтаву дурӯғин хароб карда шаванд ва ҷойи онҳоро биноҳои беарзиш гиранд?

Бисёриҳо шояд баҳс кунанд, ки тахриби ин биноҳо барои пешрафт ва навсозии шаҳр зарур аст. Аммо, мо бояд саволе диҳем: Оё ин рушд ҳақиқист ё фақат зоҳирӣ? Рушди ҳақиқӣ на танҳо дар сохтани биноҳои нав ва шинам, балки дар ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихии миллат аст. Вақте, ки мо осори фарҳангии худро нобуд мекунем, мо худро аз таърихи худ ҷудо мекунем ва ояндаи худро ба хатари ҷиддӣ дучор менамоем.

Ба ҷои тахриб кардани биноҳои таърихӣ, мо бояд кӯшиш кунем, ки онҳоро таъмир ва навсозӣ намоем, то ки онҳо ҳамчун нишонаи ҳувияти миллӣ ва рамзи фарҳангии мо боқӣ монанд. Мо бояд таваҷҷӯҳ кунем, ки бо чунин тасмимҳо мо на танҳо як бино, балки як пора аз таърихи худро аз даст медиҳем.

Ҳифзи мероси фарҳангӣ — вазифаи ҳар як фарди ватандӯст мебошад. Тавре, ки таърих нишон медиҳад, миллати бехабар аз гузаштаи худ наметавонад ояндаи худро бо эътимод ва шукуфоӣ бунёд кунад. Аз ин рӯ, ҳифзи мероси фарҳангӣ бояд яке аз вазифаҳои аслии ҳар як фарди ватандӯст бошад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза