8.1 C
Dushanbe
26.12.2024

Раҳмонов Конститутсия (Сарқонун)-ро танҳо барои аҳдофи ғаразноки худ истифода бурдааст

Раҳмонов Конститутсия (Сарқонун)-ро танҳо барои аҳдофи ғаразноки худ истифода бурдааст.

6 – ноябр дар Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ буд, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳарчанд дар қабули он на ҳама шаҳрвандони кишвар иштирок карда тавонистанд, вале баъдтар он аз ҷониби мардум пазируфта шуд. Конститутсияи нав мебоист роҳи минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, озод, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро нишон медод. 
Одатан дар кишварҳои демократӣ Конститутсия барои солҳо қабул гардида, танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ тағйир дода мешавад. Вале Ҳукумати худкомаи Раҳмонов дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки худ, яъне боқӣ мондан дар қудрат, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид кард. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов на танҳо дар вазифаи худ боқӣ монд, балки барои фирор аз ҷиноят ва қонуншиканиҳояш худаш ва хонаводаи худро дахлнопазир кард ва барои ба писараш Рустами Эмомалӣ интиқол додани қудрат замина муҳайё намуд. 
Дар ин муддати на чандон тӯлонӣ чанд дафъа тағйир додани Конститутсия аз лиҳози ҳуқуқӣ худаш поймол намудани қонуни асосии кишвар мебошад. Баъдан,  соҳибистиқлолӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон фақат дар Конститутсия боқӣ мондаасту бас ва ҳамагон медонанд, ки Ҳукумати Раҳмонов имрӯз Тоҷикистонро ба як кишвари хонаводагӣ, диктатурӣ, фасодин, клептократӣ ва ақибмондаву қашшоқ табдил додааст. 
Дар охир орзуи онро мекунем, ки рӯзе мардуми кишвар бар асоси Конститутсияи асил дар фазои воқеан демократӣ, озод, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи орӣ аз фасод, дар Тоҷикистони мутараққӣ ва шукуфон зиндагӣ кунанд.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза