11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон “интихобот”-и навбатии раисҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба ғайр аз Раҳмонов боз раҳбарони чор ҳизбҳои дастнишонда ва кисагӣ иштирок карданд. “Интихобот”-и ахири раисҷумҳурии Тоҷикистон бо сохтакорӣ, тақаллуб ва дурӯғу фиреби бесобиқааш яке аз хандаовартарин саҳнасозиҳои режими Раҳмонов буд, ки аз аввал то ба охир аз воқеъият ва ҳақиқат дур буданаш ба ҳама аён гашт.
Нахуст таъйини санаи баргузории он ба Сарқонун мухолиф буд, ки ин нуктаро пештар аксари нирӯҳои мухолиф, аз ҷумла Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” таъкид намуда, интихоботро таҳрим намуданд.
Баъдан, чор номзади дигар ба мақоми раисҷумҳурӣ на ҳарифони сиёсии Раҳмонов, балки зочаҳое буданд, ки аз ҷониби мақомот барои саҳнасозӣ ва вонамуд сохтани як интихоботи демократӣ ва борақобат ба ин бозӣ иштирок карданд. Махсусан, дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби ин номзадҳо ҷамъоварӣ намудани раъйи лозим барои сабти ном ба ҳеҷ ҳақиқате рост намеояд. Барномаҳои онҳо ҳам хандаовар ва аз воқеъият дур буданд ва онҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар суханрониҳояшон боре ҳам Ҳукумат ва Раҳмоновро интиқод накарданд.
Нуқтаи дигаре, ки мехоҳем онро махсусан таъкид намоем, ин иштироки мардум ва натиҷаҳои “интихобот” аст. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ соати 15:00 эълон кард, ки тақрибан 71% интихобкунандагон дар “интихобот” иштирок варзиданд, ки ин боз як дурӯғи навбатии режими Рахмонов аст. Зеро, аз рӯйи маълумоти мо дар ин “интихобот” ҳатто нисфи интихобкунандагон ҳам иштирок накарданд.
Омори натиҷаҳои “интихобот” бошад, ба оддитарин ҳисоби риёзӣ дуруст намеояд: модом, ки чор номзад дар интихобот дар маҷмӯъ ҳудуди 5% раъйи интихобкунандагонро ба даст оварда бошанд, пас онҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ ҳар кадом барои сабти ном чӣ тавр 5%, дар маҷмӯъ ҳудуди 20% ризоияти мардумро ҷамъ овардаанд?
Дар маҷмӯъ, ҳарчанд мардуми кишвар ин нуктаро ошкор ба забон наоварданд, вале аксарият дурӯғу тақаллуб ва сохтакорӣ будани интихоботҳои кишварро фаҳмида, дар он иштирок наварзиданд ва бо ин восита онро таҳрим намуданд. Раҳмонов бо фиреби навбатии мардум ба мушкилтарин марҳилаи ҳокимияти диктатории худ ворид шуд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дарк кунад, ки Раҳмонов ният дорад дар оянда ҳокимияти сулолавӣ ҷорӣ кунад ва бо ин восита аз ҷавобгарӣ аз ҷиноятҳои содирнамудааш дар назди қонун ва мардум фирор намояд. Аз ин рӯ, ба ин интихоботҳои сохта ва хилофи қонун дигар аслан эътимод нест ва ягона роҳе, ки метавонад режими худкома ва хиёнатпешаро сарнагун намуда, мардумро аз ҷабри ин Ҳукумати хонаводагии ҷинояткор озод кунад, ин Инқилоби демократист!
Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”