16.1 C
Dushanbe
24.11.2024

Раҳматҷони Маҳмадҷон аз ҷониби режими Раҳмонов ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

 18 майи соли равон намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар Федератсияи Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон аз хона баромада, бедарак шуд. Ҳаракат фавран як нафар вакили дифоъро ба ин ҳодиса вобаста кард, то масъаларо пайгирӣ кунад ва сабаби нопадид шудани Раҳматҷони Маҳмадҷонро равшан намояд. Пас аз номаву дархостҳои “Гурӯҳи-24” ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нахуст 27 май аз номи ВКД Федератсия Русия дар посух ба дархости Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русия ва 10 июн аз номи Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав дар ҷавоб ба дархости вакили дифоъ ҷавоб омад. Дар ҳар ду мактуб гуфта мешуд, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон тавассути фурӯдгоҳи Домодедоваи шаҳри Макав ба шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвоз кардааст. Ҳамчунин таъкид мешуд, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон дар ҳудуди Русия барои қонуншикании ҷиноятӣ сабти ном нашудааст ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”- ро зарур аст, ки барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин қазия ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муроҷиат кунад.
Мақомоти Русия минбаъд дигар бо мо тамос нагирифтанд ва аз таҳқиқи ҳолатҳои ошкоро иҷборан ба Тоҷикистон фиристода шудани Раҳматҷони Маҳмадҷон худдорӣ карданд. Аммо онҳо шарҳ надоданд, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон бедуни огоҳӣ ва нақшаи сафар чи гуна якбора озими Тоҷикистон шуд?
Чанде қабл Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятии Раҳматҷони Маҳмадҷонро баррасӣ кард ва мутобиқи моддаҳои зерин ӯро аз озодӣ маҳкум намуд:
Моддаи 187.
Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)
1) Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳод (ташкилот) ё ба ҷузъу томи таркибии онҳо, инчунин ташкили иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил бо мақсади таҳияи нақша ва фароҳамоварии шароит барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин,‐
Моддаи 189 .
Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ.
1) Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад,‐
Моддаи 307,
– даъвати оммавӣ бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Моддаи 307, қисми 1.
1. Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ( ифротгароӣ);
2) Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет содир шуда бошад;

Моддаи 307, қисми 2.
Ташкилииттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)
1) Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурўҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 2371, 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта);
2) Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ,‐
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо
истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,‐

Моддаи 307 қисми 3.
Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо шудааст, иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки аз ҷониби суд фаъолияташ манъ шудааст.

Пас аз эълони айбнома Прокурор барои Раҳматҷони Маҳмадҷон 25 соли зиндонро талаб кард ва бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе ӯ ба муддати бист сол аз озодӣ маҳрум гардид.Инак, қазияи нопадид шудани Раҳматҷони Маҳмадҷон ба охир расид ва метавон ошкоро эълон кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ду кишвар бар хилофи ҳама меъёрҳо ва қонунҳои байналмилалӣ як шаҳрванди Федератсияи Русияро аз қаламрави Русия рабуда, ба Тоҷикистон бурдаанд. Мақомоти Тоҷикистон зимни як тавтеа ва ҳамкории ҷиноӣ ё бо розигии пинҳонии намояндагони мақомоти расмии Федератсияи Русия ӯро дар рӯзи равшан дуздида, тавассути ҳавопаймои муқаррарӣ ба Тоҷикистон фиристода, алорағми меъёрҳои ҳуқуқии ҷомеаи мутамаддин бо айбномаи сохтаву тақаллубияшон ба муддати 20 сол равонаи зиндон карданд.

Даҳшатноктарин паҳлӯи ин қазия он аст, ки ҳамаи ин қонуншиканӣ дар қаламрави давлати демократӣ – Федератсияи Русия бо иҷоза ва кӯмаки намояндагони мақомоти расмии Русия сурат гирифтааст. Ва он, ки дар ҷинояти рабудан ва ба Тоҷикистон фиристодани Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳар ду ҷониб, ҳам мақомоти Русия ва ҳам Тоҷикистон даст доранд, равшану возеҳ аст, аммо дар ин ҷиноят ба адолат ноил шудан ва гунаҳкоронро ҷазо додан ғайриимкон аст. Ва пайомади беҷазоӣ боз ҷиноятҳои нав хоҳад шуд.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза