3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

РАБУДАНИ ИНСОН ҲАМ БА ҚОНУНИ ДОХИЛӢ ВА ҲАМ БА ҚОНУНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ҶИНОЯТ АСТ

 

Дар ҷаҳоне, ки ҳуқуқи инсон ва адолат бояд шиори асосии ҷомеа бошад, шоҳиди ҷиноятҳое мешавем, ки ҷонбозонро ба гирдоби ноумедӣ меафканад.

Ҳодисаҳои охир, ки бо дуздӣ ва истирдоди ғайриқонунии ду фаоли сиёсӣ, намоянда ва роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” — Насимҷон Шарипов ва Суҳроб Зафар аз Туркия ба Тоҷикистон сар зад. Ин амалаи ғайриқонунӣ ба мо собит мекунанд, ки режими Раҳмон на танҳо ба озодии шаҳрвандони худ беэътиноӣ мекунад, балки бо истифода аз нерӯҳои амниятӣ ва истихборотии хориҷӣ, душманона худро аз мунаққидон муҳофизат мекунад.

Субҳи 23-юми феврали соли равон, дар Туркия, як ҳодисаи даҳшатбор рух дод: Насимҷон Шарипов, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳаракати “Гурӯҳи-24”, ногаҳон нопадид шуд. Ин нопадидшавӣ як ҷузъи нақшаи боҳашамати амниятии режими Тоҷикистон буд, ки бе ягон парвои инсонӣ ва бидуни риояи қоидаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ин шахси зери ҳимояти Созмони Милали Муттаҳидро рабуда, баъд аз 22 рӯзи бедарак буданаш, рӯзи 16-уми март, ӯро ба Тоҷикистон истирдод карданд. Чунин амалкарди ваҳшиёна нишон медиҳад, ки то кадом дараҷа ин режим барои хомӯш кардани садоҳои мухолифони худ омода аст.

10-уми март, вақте ки ҷаҳон ҳанӯз аз сарнавишти Насимҷон хабар надошт, Суҳроб Зафар, роҳбари Ҳаракати “Гурӯҳи-24” низ ба ҳамин сарнавишт гирифтор шуд. Ӯ низ дар Туркия, ки ба гуфти ҳукумати он бояд кафолати амният ва адолатро дар назар дошта бошад, аммо мутаассифона нопадид гардид. Баъди чанд рӯзи пур аз ноумедӣ, маълум шуд, ки ӯ ҳам мисли Насимҷон бо ҳамдастии истихбороти Туркия ба дасти амнияти Тоҷикистон супорида шудааст.

Дар ҳоле, ки ин афрод зери ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид қарор доштанд, дуздӣ ва истирдоди онҳо ба Тоҷикистон як амалкарди бераҳмона ва хилоф ба ҳама гуна қонунҳои байналмилалӣ буд. Дар ҳоле, ки ҷаҳон ба ин ҳодисаи даҳшатнок хомӯш аст, режими Раҳмонов бепарвоёна ба нақзи ҳуқуқи инсон идома медиҳад ва нишон медиҳад, ки ҳеҷ гуна аҳамияте ба адолати байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар намедиҳад.

Амалкарди даҳшатангези Тоҷикистон дар заминаи истирдод, нишондиҳандаи равшани он аст, ки режими Раҳмонов ба ҷои ислоҳот ва гӯш додан ба талаботи адолат, дар саркӯб ва хомӯш кардани мухолифин бар зидди худ ва бо кӯмаки нерӯҳои хориҷӣ ба ҳама гуна василаҳо даст мезанад.

Ин амалҳои даҳшатбор, ки (гумонаст ба чанд миллион долларе харида бошанд) на танҳо ба ҳуқуқи инсон, балки ба принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ зарба мезананд.

Азбаски Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид ва як қатор созмонҳои дигари байналмилалӣ мебошад, бояд ба ҳамаи шартҳои ин созмонҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии онҳо риоя кунад. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки ин режим ба тамоми ӯҳдадориҳои байналмилалии худ пушти по зада, бо истифода аз нерӯҳои амниятӣ мухолифони худро ҳатто дар хориҷ аз кишвар таъқиб мекунад.

Ҷомеаи байналмилалӣ, ки иддао дорад ҳимоятгари ҳуқуқи инсон аст, дар ин маврид шоҳиди бераҳмиҳои Тоҷикистон аст. Ҳарчанд ин амалҳои даҳшатбори режими Раҳмон, ки ҳеҷ гуна эҳтироме ба ҳуқуқи инсон ва озодии баён надоранд, ба диди ҷаҳонӣ намоён шуда бошад ҳам, вокунишҳо нисбат ба онҳо нокифоя ва суст мебошанд.

Ин як фоҷиаест, ки агар дар назди он чораи ҷиддӣ андешида нашавад, ҷаҳон ба як давраи хатарноки нав ворид хоҳад шуд, ки дар он режими золим метавонад бидуни ягон тарс ва пушаймонӣ озодона ба ҳама гуна ҷиноятҳо даст занад.

Мо наметавонем дар назди чунин зулму ҷабр хомӯш бошем. Ҳар як инсони поквиҷдон бояд дарк кунад, ки ҳимояи ҳуқуқи инсон ва адолат вазифаи ҳамаи мост. Мо бояд бар зидди ин ҷиноятҳои даҳшатнок истодагарӣ кунем ва барои ҳимояи онҳое, ки дар хатаранд, якҷоя мубориза барем.

Барои маълумоти бештару дақиқтар бо мо бимонед, то дар оянда аз хабарҳои ин воқеа ва ё мавзӯъҳои дигар бохабар бошед!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза