3.1 C
Dushanbe
27.12.2024

Посухи мақомоти Русия ба дархости “Гурӯҳи 24” дар робита бо нопадид шудани Раҳматҷони Маҳмадҷон

Тавре хабар дода будем, 18 май  намояндаи  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”  дар Федератсияи Русия  Раҳматҷони Маҳмадҷон пас аз хона баромадан нопадид шуд. Ӯ  бори охир соати 12: 59 ҳамон рӯз ба тамос баромада, пас аз он робитааш қатъ гардид. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” барои таҳқиқи ин ҳодиса вакили дифоъ ҷалб карда, барои равшан намудани он ба ниҳодҳои марбутаи Федератсия Русия бо нома муроҷиат кард.

 27 майи соли 2021 ба дархости Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки  ба унвони Дастгоҳи Президенти Федератсияи Русия фиристода шуда буд, аз номи Вазорати корҳои дохилии Русия ҷавоб омад. Вазорати корҳои дохилӣ дар номаи худ иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти онҳо Раҳматҷони Маҳмадҷон  18 майи соли 2021 қаламрави Федератсияи Русияро тарк кардааст. Инчунин хабар дода мешавад, ки вай дар ҳудуди  Федератсияи Русия барои содир намудани қонуншикании ҷиноятӣ ё маъмурӣ  сабти ном нашудааст ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар масъалаи ҷустуҷӯи Раҳматҷони Маҳмадҷон бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муроҷиат кунад.

Қобили зикр аст, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон аз соли 2010 шаҳрванди Русия буда, дар суроғаи вилояти Саратов, шаҳри Волск расман  сабти ном шудааст. Ғайр аз ин, қарори Прокуратураи байниноҳиявии Измайлови шаҳри Маскав ва Прокуратураи шаҳри Балашиха мавҷуданд, ки мутобиқи он боздошти Раҳматҷони Маҳмадҷон дар қаламрави Русия ғайриқонунист.

Баъдан,  масъулияти мустақими ҷустуҷӯи шаҳрванди Русия тибқи қонунҳои ин кишвар танҳо ба дӯши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аст. Пас чаро мақомоти ин кишвар вазифаи қонунии худ, яъне ҳифзи шаҳрвандонашонро иҷро намекунанд, ё қонунҳои Русия танҳо ба русҳои этникӣ дахл доранд?

Дигар ин, ки танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон  мухолифини худро дар Русия бо ҳар роҳу восита дуздида, ба Ватан истирдод мекунанд  ва  рабуда шудани Раҳматҷони Маҳмадҷон низ маҳз кори дасти онҳост. Аз ин рӯ, тамос бо мақомоти Тоҷикистон  дар масъалаи нопадид шудани Раҳматҷони Маҳмадҷон кори беҳуда ва бемаънист.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” якҷо бо вакили дифоъи ба ин қазия вобаста  аз мақомоти салоҳиятдори Русия  қотеона талаб менамояд, ки ҳодисаи ба куҷо ва чи гуна   қаламрави Русияро тарк кардани Раҳматҷони Маҳмадҷонро таҳқиқ намуда, ҷузъиёти онро барои мо равшан намоянд.

 

 Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза