8.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Поймолшавии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи нав

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқи фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. (Моддаи 5 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон) Кумитаи Занон ва Оилаи Тоҷикистон дар як нома аз Додситонии кулли Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба таври қонунӣ вуруди занҳоро бо сатру ҳиҷоб ба идораву ташкилот новобаста аз шакли моликият, яъне ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ, манъ намояд. Додситонӣ дар навбати худ ин дархостро ба Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур ирсол намуд ва бар асоси супориши дастгоҳ, Маркази миллии қонунгузорӣ як комиссияи вижаи байниидоравиро таъсис дод.

Агар усулан нигоҳ кунем, ин барномаи Кумитаи Занон нест, балки барномаи худи Раҳмонов аст, ки чанд солест онро роҳандозӣ кардааст ва худ шахсан аз минбарҳо алайҳи ҳиҷоб ва пушиши хонумон мубориза мекард ва ниҳоятан онро мехоҳад ба шакли қонун дарорад. Ногуфта намонад, ки ин дафъаи аввал нест, балки пеш аз ин ҳам, режими авторитарии Э.Раҳмонов аз хомушӣ ва бетарафии шаҳрвандон истифода бурда, барномаҳои нопоки худро қонунӣ гардонд, монанди: фурӯхтани замини кишвар, аз байн бурдани иншоотҳои таърихӣ ва тағйиру иловаҳо дар Сарқонуни ҶТ танҳо барои манфиати оилаи Э. Раҳмонов. Барои ҳали ин навъ мушкилот намояндаҳои ба ном “мардумӣ” дар парлумони кишвар бояд аз ҳуқуқи шаҳрвандон дифоъ намоянд, ва дар муқобили шахсоне, ки кинаву адоватро дар байни мардум менишонанд истодагарӣ намуда, аз ҳаққи шаҳрвандон дифоъ намоянд. Аммо, мутаассифона, аз онҳо садое шунида нашуд, лизо ин ҳолат ҳаракати сиёсии “Гӯруҳи-24”- ро водор кард, то тасмиме бигирад. Баъд аз ин иқдоми муғризонаи кумитаи занон ва оилаи Ҷумҳруии Тоҷикистон, ки ошкорро мухолифи Сарқонуни ҶТ буда, ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол менамояд, ҳаракати сиёсии “Гӯруҳи-24” тасмим гирифт, барномаеро тарҳрезӣ намояд, то куллияи шарҳвандон, сарфи назар аз ақидаю афкорашон, ҳизбу созмонашон тавонанд аз ҳуқуқи конститусионии худ, ки модаи 5-и Сарқонуни ҶТ кафолат медиҳад, дифоъ намоянд.

Оғози ин барномаро роҳбари ҳаракат Сӯҳроб Зафар дар баромоди видеоиаш оғоз намуд ва аз ҳамаи шаҳрвандон дархост намуд, то норозигии хешро нисбати ин қонун бо чанд сония навори видеоӣ баён намоянд. Барномаи зикршуда аз тарафи шаҳрвандон ба хубӣ пазируфта шуд, ки дар натиҷа то имрӯз зиёда аз 200 навори видеоии хешро ирсол намудаанд. Режими худкомаи Э. Раҳмонов дар сурати қабул кардани ин қонун бори дигар собит менамояд, ки Сарқонуни ҶТ ва шаҳрвандони он дар пеши ӯ арзише надоранд. Аммо дар сурати қабул нашудани ин қонун бояд ин маъракаи зидди фарҳангии исломӣ- тоҷикӣ манъ карда шавад, ва дар сурати идомаи он мутобиқи қонун муҷозот карда шавад. Ҳаракати сиёсии “Гӯруҳи-24” аз тамоми шаҳрвандоне, ки назари худро нисбати поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандиашон баён намудаанд, дархост менамояд, то ба эҳсосоту провакатсияҳо дода нашаванд ва ба дағалию ҳамосат роҳ надиҳанд, зеро ибрози норозигӣ нисбати поймолшавии ҳуқуқи шаҳравандиашонро Сарқонуни ҶТ кафолат медиҳад. Дар навбати охир ҳаракати сиёсии “Гӯруҳи-24” аз тамоми шаҳрвандоне, ки дар ин маъракаи ҳуқуқӣ фаъолона иштирок намуда, норозигии хешро нистбати ин қонун баён намудаанд, изҳори сипос менамояд.

Гурӯҳи 24

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза