4.1 C
Dushanbe
03.12.2024

ПИКЕТИ НАВБАТӢ ДАР ШАҲРИ ПОРИСИ КИШВАРИ ФАРОНСА

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” барои пайдо кардани ҷой ва будубоши Роҳбари ин ҳаракат – Суҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия – Насимҷон Шарипов имрӯз, 18.03.2024 дар шаҳри Пориси кишвари Фаронса, назди Сафорати кишвари Туркия пикет ташкил кард. Ин пикет идомаи тазоҳуротҳо барои пайдо кардани роҳбари ҳаракат ва намояндаи он дар Туркия мебошад. Токи хоҳиши ин ҳаракат ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мақомоти Туркия расад.

Иштирокуандаи ин пикет Маҳадбекзода Ҳикмиддин гуфт, ки вақте назди дари сафорат рафтем, моро муҳофизон иҷозаи вуруд доданд то ворид шавем ва дар дохили сафорат аз мо номаро гирифтанду моро ҷавоб даданд ва нахостан дар мавриди нигаронӣ ва пурсишҳои мо посухе диҳанд. Маҳадбекзода бо дигар иштирокунандагон шиорҳои гунонгуне бо аксҳои Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов дар даст доштанд ва аз намояндагони сафорати Туркия талаби пайдо кардани онҳоро карданд.

Шиорҳое бо монанди: “Аз шумо фақат интизори адолатро дорем”, “Мо боварӣ дорем касоне, ки аз шумо паноҳгоҳ талаб мекунанд, шумо онҳоро муҳофизат мекунед аз дасти режими диктатории Раҳмонов”, “Ҳамкорӣ бо золими Раҳмонов боварнакарданист аз тарафи мақомоти Туркия”, “Суҳроб Зафар ва Насим Шарифовро озод кунед. Бародаронатонро таслими душман накунед” ва ғайра…
Ёдовар мешавем, ки аз санаи 10-уми марти соли ҷорӣ ҳамагуна тамосҳо бо роҳбари ҳаракат Суҳроб Зафар ва аз санаи 23-феврал тамосҳо бо намояндаи ин ҳаракат дар Туркия Насимҷон Шариапов қатъ гардида аст ва дар куҷо будани онҳо то ҳол маълум нест.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза