Паёми тасаллияти Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” ба хисоротдидагони офати табиӣ .
Тайи чанд рӯзи ахир боридани боронҳои шадид дар Тоҷикистон ва обхезиву омадани сел ба сокинон хисороти ҷонӣ ва молӣ ворид кард. Дар пайи ин офати табиӣ махсусан сокинони ноҳияҳои Ваҳдат ва Рӯдакӣ хисороти зиёд диданд. Тибқи маълумоти расмии ахир теъдоди ҷонбохтагони боронгариҳо ба 17 нафар расид. Ин офати табиӣ, ки мардумро ғофилгир кард, ба манзил ва нақлиёти мардум низ осеб расонд.
Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи 24 ” тасаллияти амиқи худро
ба осебдидагони ин офати табиӣ баён намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол талаб мекунад, ки ҷонбохтагонро раҳмату мағфират намояд, ба наздикону пайвандони онҳо сабри ҷамил диҳад ва ба маҷрӯҳон шифои комил ато фармояд.
Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 “