2.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Паёми тасаллияти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар робита ба садамаи маргбори шаҳри Кӯлоб

Паёми тасаллияти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар робита ба садамаи маргбори шаҳри Кӯлоб

Шоми дирӯз соати 19:30 дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” воқеъ дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб садамаи маргбор рух дод. Автомобили боркаши тамғаи Дулан, ки дар пушт присеп доштааст, дар назди бозори “Сомонӣ”-и шаҳри Кӯлоб аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, чанд мошинро пахш намуда, ба ду манзили истиқоматӣ осеб расонидааст.

Бар асоси ин садамаи маргбор тибқи хабарҳо беш аз 20 нафар ҷони худро аз даст додаанд ва даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Тибқи иттилои ВКД Тоҷикистон мошини боркаш бо ширкати “Кафолат-Воридоту Содирот” тааллуқ доштааст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз шунидани хабари нохуш сахт андӯҳгин аст ва бо тамоми мардуми мотамзадаи шаҳри Кӯлоб ҳамдард буда, ба пайвандону наздикони ҷонбохтагон арзи таслият менамояд ва аз даргоҳи Худованд талаб мекунад, ки фавтидагони ин садамаи маргборро раҳмату мағфират намуда, шоистаи Ҷаннат ва ба захмбардоштагони ин садамаи фалокатбор шифои ҳарчи оҷил ва комил ато фармояд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза