-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

Паёми табрикии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба муносибати Иди саиди Қурбон

Иди Қурбон омаду боз о, ки қурбонат шавам,

Ҳамчу Исмоил ба фармони Худо ромат шавам.

Ҳоҷиён андар диёри Каъба гаштанд меҳмон,

Мизбони ман биё, то ман ки меҳмонат шавам.

Иди Қурбон асту ҳар кас медиҳад қурбонияш,

Орзу дорам, ки қурбонии қурбонат шавам.

Инак,  бо лутфи худовандӣ боз Иди саиди Қурбон, ҷашни раҳоиш аз нафс ва шукуфоии имону бовар, иди танинандоз шудани навои итоат ва дурахшиши зеботарин ҷилваҳои зиндагӣ дар баробари Холиқи якто фаро мерасад. Ин иди муборак ба унвони як ҷузъи   фарҳанги исломӣ волотарин  арзишҳои маънавии ҳаёти инсон ба монанди хайру саховат, рафоқату дӯстӣ, покизагиву накӯкорӣ, заҳматдӯстӣ ва таҳаммулгароиро талқин карда, мардумро ба иҷрои амалҳои нек ва созандагиву бунёдкорӣ  ҳидоят менамояд. Дар ин рӯзи саид одатан ҳар як имондоре, ки имконият дорад, маросими қурбонӣ карданро ба ҷо оварда, бо хешовандон, ҳамсоягон, дӯстон ва бенавоён ҳадяҳо  мекунад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” тамоми мусалмонони Тоҷикистон, кишварҳои ҳамзабон  ва сайёраро бо фарорасии Иди Қурбон табрик намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол тандурустиву саодат, сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамояд.

Бигзор Худои таоло имонро дар қалбҳоямон мустаҳкам гардонида, ҳамаи мову шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад, замирамонро  аз эҳсоси  фурӯтанӣ, сипосгузорӣ ва фазилатҳои неки инсонӣ саршор намояд ва орзуи онро намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон тавонад дар ояндаи наздик  дар як ҷомеаи озод, мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ва ободу шукуфо зиндагӣ кунад.

Иди саиди Қурбон муборак!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза