Имрӯз – 30-юми декабр, нишасти солонаи Гурӯҳи 24 дар кишвари Олмон, шаҳри Кёлн сар шуд. Дар ин нишаст роҳбари “Гурӯҳи 24″- Сӯҳроб Зафар ва роҳбари ҳаракати ” Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон “- Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор аз тариқи интернет ба таври мубошир ширкат ва суханронӣ хоҳанд кард ва дигар фаъолон ва аъзою ҷонибдорони гурӯҳ аз кишварҳои мухталифи Урупо , аз ҷумлаи ; Олмон, Лаҳистон , Суид, Утриш ба ин нишаст ҳузур оварда, суханронӣ хоҳанд кард.
Аз рафти нишаст муфассал хабар хоҳем дод ва дигар маълумот ва тағйироти солонаи гурӯҳ баъд аз нишаст нашр хоҳад шуд.
Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24