3.1 C
Dushanbe
27.12.2024

Намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” Насим Шарипов озод шуд

   Намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Насим Шарипов, ки рӯзи 30 декабри соли 2021, соати 13:00 дар шаҳри Истамбули Туркия аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар боздошт ва 3 январ аз шуъбаи пулис ба баздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шуда буд, имрӯз озод карда шуд.

    Хотиррасон менамоем, ки номбурда аз соли 2015 дар кишвари Туркия ба фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳсил машғул аст ва  бори севвум аст, ки аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар боздошт мегардад.  Бори аввал ӯ соли 2018  якҷо бо роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Суҳроб Зафар дар Истамбул боздошт шуда, пас аз бекор гардидани  айбномаҳо ба озодӣ баромад ва баъдан дар  Туркия мақоми паноҳандаи сиёсиро дарёфт намуд.

  Моҳи марти соли 2020 низ, пас аз боздошти такрорӣ ва дахололати фаврии вакили дифоъ масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон лағв гардид.   Ва ниҳоят, бори севвум аст, ки Насим Шарипов аз ҷониби мақомоти қудратии Туркия боздошт ва раҳо карда мешавад.

Ҳарчанд худи Насим Шарипов гуфт, ки мақомоти қудратии Туркия сабаби боздошт ва сипас озод намудани ӯро шарҳ надоданд, вале

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бар он назар аст, ки дар паси ин қазия, ба мисли ҳодисаҳои рабуда ба Тоҷикистон истирдод гардидани  фаъъолони ҳаракат Шобуддин Бадалов ва Раҳматҷони Маҳмадҷон дар Русия режими худкомаи Раҳмонов , ки талош дорад рақибони сиёсӣ ва мухолифини худро аз байн барад ва дар дили мардум ва муборизин тарсу ҳарос ҷо кунад, қарор дорад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба вакили дифоъ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамаи онҳое, ки барои озодии Насим Шарипов талош карданд, изҳори сипос намуда, таваҷҷуҳи  созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ин гуна аъмоли ғайриқонунии Ҳукумати Тоҷикистон ҷалб менамояд ва аз онҳо даъват ба амал меорад, ки ба он баҳои арзанда диҳанд.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза