12.1 C
Dushanbe
28.12.2024

Намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон бо хатсайри SZ-202 ба Тоҷикистон истирдод шудааст

10 июн аз номи Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав дар ҷавоб ба дархости вакили дифоъ дар бораи ҳодисаи бедарак шудани Раҳматҷони Маҳмадҷон нома омад. Дар он гуфта мешавад, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон 18 май қаламрави Русияро тарк карда, тавассути хатсайри SZ-202 аз фурӯдгоҳи Демодедоваи шаҳри Маскав ба шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвоз кардааст.
Он гунае ки қаблан хабар дода будем, 18 майи соли равон намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Федератсияи Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон аз хона баромада, бедарак шуд. Ҳаракат бо ҷалби як нафар вакили дифоъ ва ирсоли дархост ба ниҳодҳои марбутаи Федератсияи Русия фавран ба таҳқиқи ин ҳодиса пардохт.


27 майи соли 2021 Вазорати корҳои дохилии Русия дар посух ба дархосте, ки ба унвони Дастгоҳи Президенти Федератсияи Русия фиристода шуда буд, ҷавоб дод. Дар он ҳам гуфта мешуд, ки тибқи маълумоти онҳо Раҳматҷони Маҳмадҷон 18 майи соли 2021 қаламрави Федератсияи Русияро тарк кардааст. Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон дар қаламрави ин кишвар барои содир намудани қонуншикании ҷиноятӣ ё маъмурӣ сабти ном нашудааст ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” – ро зарур аст, ки барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин қазия ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муроҷиат кунад.


Тавре дида мешавад, дар ҳар ду ҷавоби мақомоти Русия бисёре аз паҳлӯҳои ин ҳодиса норавшан боқӣ мемонанд. Аввалан ин ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар бо вуҷуди шаҳрванди Русия будани Раҳматҷони Маҳмадҷон ва масъулияти мустақими ҷустуҷӯи шаҳрванди худашонро ба дӯш доштан барои таҳқиқ ва баррасии ҷузъиёти ҳодисаи якбора бедарак шудани ӯ ҳавасманд нестанд. Баъдан, Раҳматҷони Маҳмадҷон, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қасди ба Тоҷикистон рафтан надошт, чи гуна метавонист якбора касеро огоҳ накарда, ба Тоҷикистон баргардад? Маълум мешавад, ки ӯро пас аз рабудан бо асноди қаблан омодакардашуда худи ҳамон рӯз ба таври маҷбурӣ бо ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба Душанбе фиристодаанд.


Пас ин ҷо метавон ба чунин натиҷа расид, ки ногаҳон ва ба тариқи мармуз ба Тоҷикистон парвоз кардани намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Раҳматҷони Маҳмадҷон ба мисли қазияи фаъъоли ин ҳаракат Шобуддин Бадалов ҳодисаи ихтиёрӣ набуда, балки тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишудаи мақомоти Тоқикистон ва Федератсияи Русия сурат гирифтааст ва онро ба ҷуз аз одамрабоӣ ва истирдоди ғайриқонунӣ наметавон ба таври дигар арзёбӣ кард. Ҳол он ки мутобиқи қарори Прокуратураи байниноҳиявии Измайлови шаҳри Маскав ва Прокуратураи шаҳри Балашиха боздошти Раҳматҷони Маҳмадҷон дар қаламрави Русия бар хилофи қонун аст.


Бо назардошти он чи гуфта шуд, метавон хулоса кард, ки то ба имрӯз бисёр паҳлӯҳои ин қазия аз қабили: аз ҷониби кӣ, чи тавр ва дар кадом асос рабуда ба Тоҷикистон истирдод шудани шаҳрванди Русия, намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Раҳматҷони Маҳмадҷон то ба ҳол норавшан боқӣ мемонанд.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” минбаъд барои аз мақомоти Федератсияи Русия ба ин суолҳо посухи қонеъкунанда гирифтан ва дарёфти бештари маълумот ва далелу аснод доир ба ин ҳодиса саъю талош меварзад ва аз созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар даъват менамояд, ки дар таҳқиқи ҳодисаи рабуда ва ба таври ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон истирдод шудани намояндаи ҳаракат дар Федератсияи Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон мусоидат намоянд.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза