7.1 C
Dushanbe
21.11.2024

Намояндагони “Гурӯҳи 24” бо Мустафо Ҳаётов дидор карданд

Имрӯз, намояндагони “Гурӯҳи 24” бо роҳбарии сухангӯи гурӯҳ- Сайидалӣ Ашӯров, намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Лаҳистон – Акмал Астанаев ва дигар аъзои гурӯҳ бо узви фаол ва масъули бахши таблиғотии гурӯҳ – Мустафо Ҳаётов дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Варшав, ки асосан дар он хориҷиён барои истирдод нигаҳдорӣ мешаванд, дидор карданд. Инак аз гуруснанишинӣ эълон кардани Мустафо Ҳаётов се рӯз сипарӣ шуд. Ҷаноби Ҳаётов бо сабаби тӯл кашидани нигаҳдорияш дар ин боздоштгоҳ ва эҳтимоли ҷой доштани хатари истирдод, даст ба гуруснанишинӣ зад.

Айни ҳол ӯ зери назорати ҳамешагии табибон ва равоншиносон қарор дорад. Табибон ҳар рӯз ӯро вазн кашида, аз вазъи тандурустияш бохабар мешаванд ва ӯро ба хотима додани гуруснанишинӣ ва оғоз бахшидан ба хурдану нӯшидан ташвиқ мекунанд. Вале Мустафо Ҳаётов ин пешиниҳод ва ташвиқи табибонро рад карда, то озод шуданаш, аз ин тасмими худ, даст кашиданӣ нест.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24” раванди қазияи гуруснанишинии Ҳаётовро пайгирӣ намуда, дар сурати ба вуҷуд омадани дигаргуние дар ин қазия, ҳатман ба шумо хабар хоҳад расонид.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза