12.1 C
Dushanbe
20.11.2024

МУРОФИАИ СУДИИ СӮҲРОБ ЗАФАР ВА НАСИМҶОН ШАРИПОВ ШУРӮЪ ШУД

Рӯзи 18-уми сентябри соли 2024, мурофиаи судии роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин ҳаракат дар Туркия, Насимҷон Шарипов, оғоз ёфт. Ин мурофиа, ки бо иттиҳомоти беасос ва фишорҳои сиёсӣ пеш бурда мешавад, пушти дарҳои баста гузашт ва ба наздикони онҳо иҷозаи ширкат дода нашуд. Ин як намунаи дигари нақзи ҳуқуқҳои инсон ва беадолатиҳои густардаи ҳукумати диктатурии Раҳмоновро нишон медиҳад. Гарчанде, ки мурофиа бенатиҷа анҷом ёфт, Прокурор талош дорад, ки ҳукмҳои сангин ва ҷазоҳои сахттаринро нисбат ба ин ду нафар содир кунад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, ки бо роҳбари худ Сӯҳроб Зафар барои мубориза бо фасод, беқонунии Ҳукумат ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бархостааст, ба таври мунтазам таҳти фишор ва таъқиби режими ҷинояткор қарор гирифтааст. Моҳи феврал ва марти соли 2024, вақте, ки Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов ба таври ғайриқонунӣ аз Туркия дуздида шуду ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд, ин қонуншикании ошкоро мавриди интиқоди ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифт. 

Ин дуздии байналмиллалӣ, дар доираи як иқдоми ошкоро барои хомӯш кардани ҳаракатҳои мухолифин ва маҳдуд кардани озодии сиёсии шаҳрвандон анҷом ёфт.

Ба ҷойи муҳокимаи адолатмандона, мурофиаи ин мардон бо фишор ва таҳдидҳои зиёди сиёсӣ идома дорад. Раҳмонов бо истифода аз судҳои тобеъ ва додситонҳои содиқ ба манофеи режими худкома, талош мекунанд, ки ҳаракатҳои мухолифро ба таври ғайриқонунӣ аз байн баранд. Ин амалҳо танҳо нишонаи равшани режими худкома ва фасодзадаи Раҳмонов аст, ки барои ҳифзи қудрати худ аз ҳар роҳу восита, новобаста аз ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ буданаш, истифода мебарад.

Нақзи озодии сухан, ҳуқуқҳои инсон ва фишорҳои шадид болои мухолифин, яке аз мушкилоти асосии Тоҷикистон дар давраи роҳбарии Диктатор Раҳмонов мебошад. 

Маҳдудиятҳои шадиди расонаҳо, боздоштҳои беасоси мухолифин ва озодихоҳони сиёсӣ, ҳамеша бахши доимии сиёсати ин ҳукумат будааст. Дар шароите, ки шаҳрвандон барои изҳори назар аз ҳақиқат ва адолат фишор мебинанд, суоли оддӣ ба миён меояд: “оё Ҳукумат барои халқ хидмат мекунад ё барои ҳимояи манфиатҳои шахсии Раҳмонови диктатор ва хонаводаи ӯ?…”

Раҳмонов, ки худро ҳомии истиқлол ва суботи миллӣ мешуморад, дар асл сиёсати худкомаеро пеш мебарад, ки озодиҳои асосии инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрвандиро зери по мекунад. Ба ҷойи таъсиси як муҳити сиёсӣ, ки дар он ҳама тарафҳо тавонанд фикри худро озодона баён кунанд, ин режими худкома бо кӯшиши саркӯб кардани мухолифин ва хомӯш кардани ҳар гуна эътироз ҷомеаи шаҳрвандиро норозӣ гардонидааст.

Боздошти Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов ва пешбурди мурофиаи судии онҳо бо равишҳои ғайриқонунии таъқиб ва фишорҳо нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳуқуқ ва адолати қонунӣ чашм пӯшидаанд. Ин як намунаи равшани ба таври худсарона истифода бурдани қонунҳо барои таъқиби мухолифон аст, ки комилан мухолифи принсипҳои ҳуқуқи инсон ва адолати қонунӣ мебошад.

Ҷомеаи Тоҷикистон бояд ба чунин нақзи ошкори ҳуқуқҳои инсон ва адолат таваҷҷӯҳ кунад ва талош кунад, ки Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилаллии ҳуқуқи инсон мувофиқ бошад. 

Ҷазо додани касонеро, ки бар зидди фасод ва беқонунии ҳукумат бархостаанд, танҳо адолатро масхара мекунад ва боварии мардумро ба низоми ҳуқуқӣ аз байн мебарад.

Мардони баномусе, ки ба хотири адолат ва ҳақталошӣ мубориза мебаранд, ҳадафи фишору таъқиби сиёсии ҳукумат қарор гирифтаанд. Ҳукумати Раҳмонов бояд дарк кунад, ки таъқиб ва саркӯб наметавонад ҳақиқат ва адолатро хомӯш кунад. Дар ниҳоят, талоши мардуми оддӣ барои озодӣ ва адолат, ҳатто дар муҳити сахтарин, натиҷа медиҳад ва ҳар гуна режим, новобаста аз қудрати худ, дар рӯ ба рӯ шудан бо ҳақиқат шикаст мехӯрад.

Дар охир муроҷиати Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз тамоми ҳаракатҳо ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, ки дар ҳама Конфронсҳо ва чорабиниҳои ҳуқуқи башар ширкату фаолият мекунанд, дар ин қазия хомӯш ва бетараф набошанд, зеро ин кирдори ғайриқонунии режими Раҳмонов аз нақзи ҳуқуқи башар истифода карда, инсонҳои бегуноҳро ба муҳлатҳои тӯлонӣ пушти панҷара равон мекунад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24″.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза