9.1 C
Dushanbe
21.11.2024

Мулоқоти намояндагони “Гурӯҳи 24” бо вакили порлумони Аврупо Брондо Бенифай

Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем, ҳайъати ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дирӯз бо як сафари расмӣ вориди Бруссел, пойтахти Белгия шудаанд ва қарор аст як қатор вохуриҳо дар сатҳи баланд бо мақомоти ин кишвар, инчунин бо намояндагони порлумони Аврупо ва баъзе созмонхои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон анҷом диҳанд. Дирӯз, намояндагони “Гурӯҳи 24” нахустин нишаст ва дидори худро бо ҷаноби Брондо Бенифай, вакили порлумони Аврупо аз Ҳизби Демукроти Итолиё ва узви “кумитаи кор бо кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла, Тоҷикистон” оғоз бахшиданд.

Зимни вохӯри, ҳайати мо, масоили муҳим ва вазъияти буҳронии Тоҷикистонро бо ин вакили порлумони Аврупо матраҳ кардаанд. Яке аз нуқтаҳои муҳимми нишаст, қазияи боздошти роҳбари “Гурӯҳи 24 ” – Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар Туркия буд, ки воқеан дар хатари истирдод ба Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин маврид, аввалин суоли вакили порлумони Аврупо ин буд, ки дар сурати истирдод, чи онҳоро интизор хоҳад буд? Намояндагони мо дар ҷавоб вазъияти сиёсии Тоҷикистонро шарҳ дода, муносибати зишти ҳукумат бо мухолифинро бо далилҳо равшан карданд. Дар ин маврид, қайд намуда шуд, ки аз як ҳукумати диктотури чи метавон интизор буд?

Табиист, ки зиндонӣ тулони ё қатли мармуз онҳоро интизор аст ва инро таҷриба борҳо нишон дод. Ҷаноби Брондо Бенифай, таъкид доштанд, ки тамоми талоши худро барои озодии ин фаъолони сиёсӣ сарф хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия- Насимҷон Шарифов бо дархости ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Туркия дар торихи 19-уми марти соли равон боздошт шуданд ва ҳанӯз таҳқиқи парвандаи онҳо идома дорад. Дар зимн, ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро сарф дорад то ин фаъолони сиёсиро истирдод намояд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза