0.1 C
Dushanbe
21.12.2024

“Моро аз ин шармандагӣ наҷот диҳед!”

Ҳоло дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ идома дорад. Бо вуҷуди он, ки дар кишвар тақрибан 700 ҳазор ҷавонони синни даъват (аз 18 то 27 сола) мавҷуданду қувваҳои мусаллаҳ ҳар мавсим ҳамагӣ тақрибан ба 7000 наваскар ниёз доранд, мақомот бори дигар бо мушкили норасоӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ва боз ҳам мавзӯи “облава” ва ё боздошти ғайриқонунии ҷавонон ба миён омад.

Мутаассифона, имрӯз ба “шарофат”- и Раҳмонов нуфӯзи нерӯҳои мусаллаҳ он қадар паст ва шароити хидмат он қадар ғайриинсонӣ аст, ки даъвати иҷборӣ ба артиш ягона роҳи иҷрои нақшаи даъват ба сафи неҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, мақомот наметавонанд аз усули боздошти ғайриқонунии ҷавонон барои даъват ба сафи артиш даст кашанд.

Солҳои зиёд аст, ки мардум мехоҳанд таваҷҷӯҳи мақомотро ба ин мушкил ҷалб кунанд. Чанд сол қабл Раҳмонов гӯё аз мавҷудияти ин мушкил сухан ба миён оварда, ҳатто ваъда дод, ки ба чунин амалҳои ваҳшиёна хотима хоҳад дод, аммо тавре ки мебинем, боз ҳамон “Аҳмади порина”. Маълум шуд, ки он боз як ваъдаи навбатии пӯчи Раҳмонов барои то маъракаи навбатии даъват муддате ором кардани мардум будааст.

Аммо мардум дигар наметавонад хомӯш бошад. Рӯзи 9 апрел рӯзноманигори маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ва писари ӯ Рустами Эмомалӣ таҳти унвони “Моро аз ин шармандагӣ наҷот диҳед!” номае нашр кард, ки зери он садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон имзо гузоштанд. Талаби асосии муроҷиатнома хотима бахшидан ба амали ғайриқонунӣ ва нангини боздошти ҷавонони синни ҳарбӣ мебошад. Дар нома ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин амал волоияти қонунро дар кишвар зери шубҳа гузошта, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро поймол менамояд, давлатро бадном, ноумедиро зиёд ва рӯҳияи одамонро хароб карда, обрӯи давлат ва артиши онро коҳиш медиҳад.

Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон дар посух ба ин дархост ба Вазири дифоъ Шералӣ Мирзо, Вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода ва Додситони кулл Юсуф Раҳмон дастур додааст, ки шикоятҳо дар бораи боздошти ғайриқонунии ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳро баррасӣ кунанд. Муаллифи муроҷиатнома изҳори умедворӣ кардааст, ки ниҳодҳои марбута дар ҳалли ин мушкил эҳсоси масъулият нишон хоҳанд дод, на “посух ба хотири посух”.

Аз як тараф, албатта хушҳолкунанда аст, ки мардум бедор мешаванд ва саъй доранд фарёдашон ба гӯши Раҳмонов расад, аз тарафи дигар мардуми мо он қадр босабру таҳаммул аст, ки кас аз бесарусомониҳои дар кишвар ба амал омадаистода ба ваҳшат меафтад. Ва он, ки мардум ҷуръати муроҷиат намуданро пайдо кардаанд, гувоҳи он аст, ки косаи сабрашон лабрез шудааст.

Бовар кардан душвор аст, ки таҷрибаи маҷбурӣ ба сафи артиш даъват кардани ҷавонон ба гузашта табдил хоҳад ёфт; барои ин қувваҳои мусаллаҳ ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ва Раҳмонов наметавонад аз ин вазъият ба осонӣ берун ояд ва эҳтимоли зиёд аст, ки барои ин кор ҳатто кӯшиш ҳам намекунад. Танҳо интизор мешавем, ки вазъият чи гуна рушд хоҳад кард ва умедворем, ки худи муаллифи муроҷиатнома ва имзокунандагонро барои ин ҳама гунаҳкор накунанд.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза