5.1 C
Dushanbe
26.12.2024

Мақомот барои хомӯш кардани мухолифин аз роҳҳои ғайриинсонӣ ва ғайриқонунӣ истифода мебаранд

Мақомот барои хомӯш кардани мухолифин аз роҳҳои ғайриинсонӣ ва ғайриқонунӣ истифода мебаранд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои саркӯб намудан ва хомӯш кардани мухолифин ва интиқодгарони Ҳукумат на танҳо Сарқонун ва қонунгузории Тоҷикистон ва байналмиллалиро нақз мекунанд, балки аз роҳҳои ғайримашрӯъ, ки тасаввурнокарданист, истифода мебаранд. Онҳо дар баробари бо задани тамғаҳои  “ифротгар” ва “террорист”  равонаи зиндон намудани озодандешон инчунин ба хонавода ва наздикони онҳо рӯҳан ва маънаван фишор меоваранд. Хонаводаи муҷрии барномаи “Садои мардум” Беҳрӯз Тағойзода дар айни замон зери фишори мақомот қарор доранд.
 
Тафсилоти қазия чунин аст, ки хонаводаи Беҳрӯз Тағойзода се ҳафта пеш барои хонадор намудани фарзанди худ аз ҷамоат иҷоза мегиранд ва тибқи нақша 11 ноябр бояд маъракаи арӯсии писарашонро баргузор намоянд. Вале рӯзи шанбе ҷамоат  ба онҳо мегӯяд, ки аз “боло” баргузор намудани маъракаи арӯсии писарашонро манъ намуданд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир ба ин масъала онҳоро даъват менамояд, вале ба ҳузур намепазирад. Ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ бо роҳи фишор ба хонавода мехоҳад, ки Беҳрӯз Тағойзода аз роҳи минбаъдаи мубориза даст кашад ва дар наворе расман аз Ҳукумати Тоҷикистон узрхоҳӣ намояд. Ин кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки барномаи “Садои мардум”  онҳоро ба ҳарос овардааст, зеро ин барнома торафт ба дили мардум роҳ меёбад ва чашми мардумро дар баробари қонуншиканӣ ва ҷиноятҳои режими худкомаи Раҳмонов боз менамояд.

Агар ба умқи масъала нигарем, маълум мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз нотавонӣ ва заъфи худ ба пасттарин аъмоли ғайриинсонӣ ва ғайришаръӣ даст мезананд. Дар ҳоле, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки волидон ба аъмоли фарзанди худ, ки синнаш аз 18 болост, посухгӯ намебошанд. Вале Ҳукумати Тоҷикистон бояд бидонад, ки бо чунин иқдоми ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ пеши роҳи муборизинро гирифта наметавонад. Беҳрӯз Тағойзода, муҷрии барномаи “Садои мардум” расман эълом медорад, ки ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ аз роҳи интихобкардаи худ, роҳи гуфтани сухани ҳақ, роҳи ба равшанӣ бурдани мардум ва ҷомеа даст нахоҳад кашид. Зеро ин ягона роҳест, ки мардуми Тоҷикистонро ба озодиву саодат, ба сарнагун кардани режими саркӯбгари Раҳмонов ва эъмори ҷомеаи мардумсолорӣ раҳнамун месозад.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза