Салому дуруди бепоён ба ҳамаи иштироккунандагони ин нишаст. Боичозат мо оиди мавзуъи «Вазъи иктисодӣ, ичтимоӣ ва некуахволии мардум суҳбат хоҳем кард ва кӯшиш мекунем, ҳамаи самтҳои муҳими ин мавзуъро бо сабабҳо ва натиҷаҳо баррасӣ кунем.
Вазъи иктисод дар Тоҷикистон чихеле, ки ба ҳамагон маълум аст, дар сатҳи пасттарин миёни давлатҳои собиқ шӯрави қарор дорад. Дар соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 58 млд. 910 млн. сомонӣ ба накша гирифта шуда буд яъне 6 млд. 628 млн $, ки ин нисбат ба соли гузашта аз руи маълумоти оморӣ ба 5,9% зиёдтар аст. Аммо ин пешрафт фақат аз руи асъори миллӣ мебошад ва ба беҳбудии вазъи зиндагии мардум ва рушди кишвар ҳеҷ таъсири мусбате надорад. Чун дар асл бо назардошти беқурбшавии асъори миллӣ ин рушд не балки поёнравии иқтисодро нишон медиҳад. Дар соли 2013 барои мисол ММД ба 8,572 млрд. доллар баробар буд, ва дар соли 2017 аллакай ба 6,628 млрд. доллари амрико баробар аст. Яъне дар 4 соли охир 1,944 млрд. доллар кам шуда аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ бошад 819 доллари Амрико ё ин ки 7239 сомонӣ дар як солро ташкил медиҳад. Худ казоват кунед, ки агар ММД-и кишварро ба ҳар сари аҳоли баробар тақсим кунем, ба 819 доллар дар як сол меояд. Оё метавон бо 819 доллар як сол дар Тоҷикистон зиндагӣ кард?
Чаро мувофиқи омори миллӣ аз рӯи асъори миллӣ рушд аст аммо дар вокеъ касодӣ? Сабаби якум – ин беқурбшавии сомонӣ дар бозори ҷаҳонӣ дар солҳои охир ва сабаби дуввум – воридоти мол дар кишвар нисбат ба содирот 4 маротиба зиёд аст. Яъне мувофиқи омори соли 2016 воридот ба 3,030 млрд. $ баробар ва содирот фақат ба 898 млн $ баробар буд. Ин маънои онро дорад, ки мардум аз рӯи молу маҳсулоти воридшуда зиндагӣ мекунанд ва моли воридшуда аз хориҷ бо доллари амрикоӣ харида мешавад, на бо сомонӣ. Нархи орд, равған, шакар ва дигар махсулотҳои зарурии мардум аз қурби доллар вобаста аст. Инчунин маълум аст, ки дар 3 соли охир қурби доллар нисбат ба сомонӣ кариб 100 % боло рафт. Дар соли 2017 бошад, давлат назорати муъодилаи асъорҳоро пурра дар назорати худ гирифт ва қурби сомониро бо роҳи сунъӣ нигоҳ медорад, ки ин ҳолат ба иқтисод дар ояндаи наздик зарари аз ин ҳам зиёдтарро хоҳад расонд. Чун назорати сунъии асъор ба камшавии инвеститсияҳои дохилӣ ва хориҷӣ, гурези тоҷирҳо ва муфлисшавии корхонаҳои хурду калон оварда мерасонад. Яке аз сабабҳояш ин боз хам воридоти зиёди ашъёи хом, асбобҳои техникии истеҳсолӣ аз тарафи корхонаҳо, ки бо доллар харида мешавад. Қурби асъорро бояд иқтисод худ идора намояд. Инро ҳукуматдорони тоҷик, ки 25 соли собиқаи корӣ доранд, ҳоло ҳам дарк накардаанд.
Бояд қайд кард, ки 48% – и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд, ки дар ҷаҳон Тоҷикистон ҷои якум аст – яъне шармандатарин иқтисод ва ММД дорад. Боқимондаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро истеҳсолот, сектори хизматрасонӣ, сохтмон ва хоҷагии қишлоқ (аграрӣ) ташкил медиҳанд. Соҳаи истеҳсолот дар Тоҷикистон зиёд кафомонда буда, асоси онро корхонаҳои пасмондаи даврони шӯравӣ ташкил медиҳанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол корхонаҳои зиёди истеҳсолиро дар даврони чанги шаҳрвандӣ аз даст дод. Аммо пас аз созишномаи сулҳ низ, ҳукумати худкома тавоноии сиёсати иқтисодии хуб бурданро надорад ва иқтидори истеҳсолии кишварро истифода бурда натавонист. Сабабҳои рушд накардани истеҳсолот ва умуман иқтисод дар кишвар ин сатҳи баланди коррупсия, сиёсати нодурусти соҳаҳои андоз ва гумрук, тарси инвесторони дохилӣ ва хориҷӣ аз таҷрибаи гайриқонуни азхудкардани корхонаҳо аз тарафи шахсони наздик ба Рахмонов, фоизҳои баланди бонкхо ва сиёсати нодурусти молиявиву соҳаи бонкдорӣ, фазои номувофиқи инвеститсионӣ дар кишвар бо сабабҳои вазъи сиёсӣ ва ғайра мебошанд. Сатҳи коррупсия дар кишвар ба дараҷае расидааст, ки ҳатто кӯдакон медонанд, агар дар боғчаи баччагона ба мураббӣ маблағи зиёдатӣ надиҳанд, ба муносибати дағалона рӯ ба рӯ мешаванд. Сар карда аз боғчаҳои баччагона то аппарати раиси ҷумхур гирифтори ин вабо ҳастанд ва курсии вазирҳо, рутбаҳои генералӣ ва ҳатто унвонҳои доктур ва профессур дар кишвар фурӯхта мешаванд. Сиёсати бесаводонаи соҳаҳои андоз ва гумрук – маънои онро дорад ки намуд ва миқдори андозҳо дар кишвар алалхусус барои корхонаҳои истеҳсолӣ хеле зиёд мебошанд. Аз ин сабаб дар 2 соли охир корхонаҳои зиёди хурду миёнаи истеҳсолӣ ва сектори хизматрасониву аграрӣ муфлис шуданд. Танзими андоз ва гумрук то дараҷае бесаводона аст, ки як қатор шумораи маҳсулотҳоро агар аз Чин ворид намои арзонтар аз истеҳсолкардаи Тоҷикистон аст. Чун андоз барои корхонаҳо баланд буда, нархи гумруки ҳамон навъ моли воридшуда аз Чин бошад паст ё ин ки бепул (тавассути қочоқ) аст. Аз ин сабаб истеҳсолот рушд намеебад.
Албатта рушд накардани истеҳсолот бо назардошти суръати зиёдшавии аҳоли ба бе ин ҳам сатҳи баланди бекорӣ дар кишвар таъсири манфии худро мерасонад. Аз 8,769 миллион аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 2 миллион муҳоҷири корӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд, ки ин зиеда аз 40% -и аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медиҳад. Маълумотҳои оморӣ оиди сатҳи бекорӣ дар кишвар ба вокеъият наздик набуда, гӯё аз бисер давлатҳои Аврупо ҳатто пастар аст. Омори давлатӣ сатҳи бекориро ба 2,6% нишон медихад. Аммо омори Ташкилоти байналмиллалии муҳоҷират аз 10% то 15% дар соли 2017 гайри муҳочирони меҳнати нишон дода аст. Ин дар ҳолест, ки сатҳи бекорӣ дар бисёр кишварҳои аврупо аз 9% зиёд аст. Мушкилоти дигар дар ин аст, ки ҳамин расман 2,6 % сабтшудаи бекорон аз тарафи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳоли хеҷ кӯмакпулие аз тарафи давлат намегиранд. Яъне давлат аз аҳволи мардум бехабар буда, кӯшиш хам намекунад бипурсад, ое шумо муҳоҷиред, бекоред, ё умуман ба чи кор машғулед? Чи тавр зиндагиатонро пеш мебаред? Тавре, ки дар боло зикр шуд, зиёда аз 2 млн шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар қарор доранд ва дар соли 2016 ду млрд доллар ба Тоҷикистон аз тарафи онҳо интиқол дода шуд, ки назар ба солхои гузашта бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ дар Руссия хеле коҳиш ёфта аст. Маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони корӣ барои кишвари хурде мисли Тоҷикистон маблағи хеле зиёд буда дар солҳои охир тақрибан 40 фоизи буҷҷаи давлатро тавассути андозҳо ва боҷи гумруки пур мекунад ва боқимонда иқтисоди заъифи кишварро нигоҳ медорад. Мардум асос аз маблағи интиқолдода умр ба сар мебарад. Ин раванд бо ин роҳ амалӣ мегардад: мардум аз фурӯшандаи чакана харидорӣ мекунад, фурӯшандаи чакана аз фурӯшандаи яклухт, фурӯшандаи яклухт молро аз хориҷ ворид мекунад, андозҳо ва боҷҳо ба буҷҷа мераванд. Ҳамин тавр, пули ба кишвар интиқолёфта бо сабаби заъифии сектори истеҳсолот тавассути воридоти зиёди мол аз хориҷ ба хориҷ меравад.
Мувофиқи таҳлили иқтисоддонҳо агар лоақал таи 5 соли охир ин маблағ тавассути рушди истеҳсолот дар дохили кишвар мемонд, иқтисоди Тоҷикистон пеш мерафт, ҷои кор зиёд мешуд, теъдоди муҳоҷирон коҳиш меёфт ва зиндагии мардум беҳтар мешуд. Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди вобастагии 40% и иқтисоди кишвар аз муҳоҷирон, онҳо дар ватани худ ягон мавкеъи ичтимоии расмӣ надоранд. Яъне на дар дохил ва на дар хориҷ лоақал суғуртаи тиббӣ надоранд ва дар ҳолати беморӣ ё фалокат кӯмаке ба онҳо нахохад расид, ё пас аз ба нафақа баромадан нафақае нахоҳанд гирифт. Ин аст беҳуқукии мардуми мо, ки иқтисоди кишварро дар хориҷ истода бар душ гирифтаанд. Музди маоши миёна дар соли равон 1083 сомонӣ ё 123 $-ро ташкил дод, ки ин дар миқёси ИДМ дар ҷои охир аст. Музди миёнаи нафақа бошад 280 сомонӣ е 30$-ро ташкил медиҳад. Вакте нархи як халта орд 160-180 сомонӣ, нархи 1 кВт барк 14,65 дирхам барои аҳолӣ, нархи 1 л равған 10-12 сомонӣ, нархи 1 кг гӯшт 35-40 сомонӯ, нақлиёти шаҳрӣ 2 сомонӣ бошад, ин маош ба як нафар ҳатто дар як моҳ кофӣ нест. Оиди он нафароне, ки бо ин маъош оилаҳояшонро таъмин мекунанд, ҳарф задан ҳам намеояд. Бо ин сабаб сатҳи камбизоатӣ дар кишвар хеле баланд буда, мардуми мо дар бадтарин шароитҳои ичтимоӣ умр ба сар мебаранд. Солҳост, ки мардум аз бекорӣ, бебарқӣ, набудани суғуртаи тиббӣ ва сифати пасту нархи гарони хизматрасонии тиббӣ, нафақаи ночиз, нархҳои гарони молу маҳсулот танқисӣ мекашанд. Тоҷикистон аз рӯи сифати зиндагии мардум дар миқёси ИДМ ҷои охирро ишғол мекунад ва дар дунё ба 20-гонаи бадтаринҳо байни давлатхои Африқо ҷойгир аст. Давомнокии миёнаи умри инсон дар кишвар 67 сол буда боз ҳам дар байни кишварҳои ИДМ ҷои охир ва дар байни 193 давлати дунё ҷои 166-ум мебошад. Мувофиқи маълумотҳои Пажуҳишгоҳи татқиқотии “The Social Progress Imperative” дар соли 2014, сабаби кам будани давомнокии умр дар Тоҷикистон, гуруснагӣ ва набудани хизматрасонии тиббии лозимӣ мебошад. Пас аз тадқиқи ин пажуҳишгоҳ, маълум гашт, ки 32 % и мардуми Тоҷикистон дар ҳоли нимгӯшнагӣ умр ба сар мебаранд, ҳол он ки дар кишварҳои ҳамсоя ин нишондод ба маротиб паст аст. Дар Узбекистон 6,1%, Қиргизистон 6,4% ва Қазоқистон 5%. Аммо дар кишвари мо 32%. Бо сабаби вуҷуд надоштани хизматрасонии тиббии лозимӣ ва гурӯснаги, кӯдакон ва калонсолон дар Тоҷикистон гирифтори ҳар гуна касалиҳо ба монанди сили шуш ва устухон, заъфи дилураг, касалиҳои сирояткунандаи исҳоли хунин, дифтелия, вараҷа, инчунин вируси гепатит мешаванд, ки бисер вақт ба оқибатҳои марговар оварда мерасонад. Оиди мавзӯъи иқтисод, вазъи ичтимоӣ ва некуаҳволии мардум метавон соатҳо ҳарф зад, чун то ин режими хунхор вуҷуд дорад, дарду ранҷи мардуми мо тамомшавӣ надорад. Мо аз самтҳои муҳими ин мавзӯъ ба ҳадди имконият суҳбат кардем. Умедворем мардуми шарифи мо сабабҳои ин шароити вазнини иқтисодиро дарк хоҳанд кард ва таваҷҷуҳи хос хоҳанд дод ва дар солҳои оянда вазъият беҳтар хоҳад шуд. Ба Шумо ва мардуми шарифи Тоҷикистон бурдбориҳо ва хушиҳои зиндагиро орзумандем.
Ташаккур ба диққат!
(Видеои баромади Низомиддин Насриддинов аз дақиқаи 30.22 то 39.05)
Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24