0.1 C
Dushanbe
27.12.2024

МАРГИ 6 УЗВИ ЯК ХОНАВОДА АЗ ДУДИ АНГИШТ ДАР РӮЗҲОИ САРДИ БЕБАРҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

МАРГИ 6 УЗВИ ЯК ХОНАВОДА АЗ ДУДИ АНГИШТ ДАР РӮЗҲОИ САРДИ БЕБАРҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Рӯзҳои ахири моҳи феврал бисёре аз сокинони Тоҷикистон бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ шуданд, ки боиси марги ҳатто кӯдакон гаштааст. Яке аз мушкилии фавқуззикр ин қатъи нерӯи барқ ва маҳдудияти он мебошад, ки таъсираш ҳатто ба сокинони пойтахт низ расид. Мардум дар хонаҳои худ аз набудани барқ, набудани плитаҳои гармдиҳии обӣ ва сардии ҳаво ба мушкилиҳои марговар дучор мешаванд, аммо бозҳам Ҳукумати диктатурии Тоҷичикистон барқро ба хориҷ мефурушад. Аз сабаби онки сокинони Душанбе дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, кушиш мекунанд дар ҳолати сардӣ ва бебарқӣ аксар вақт усулҳои хатарнокро ба монанди истифода аз плитаҳои дегӣ ва баллонҳои газӣ 

Ҳамин тавр, чанде пеш дар барои гарм кардани хонаи худ истифода мебаранд, ки боиси чунин ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Ба монанди ин фоҷиае, ки дар Душанбе рух дод, маълум шуд, рӯзи 27 феврал тамоми як оилаи иборат аз шаш нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак фавтиданд. Сабаби марг: заҳролудшавӣ аз оксиди карбон. 

Ва агар дурустар фикр кунем, пас сабаби марги чунин оилаҳо режими Раҳмонов, ки барқро ба хориҷ мефурушанд ва бемасъулиятии онҳо нисбати мардуми худ аст. Ва ҳар сол такрор ба такрор ваъдаҳои пучу дуруғини Раҳмоновро аз тариқи ВАО-Тоҷикистон мебинем, лоф аз истиқлолияти энергетикӣ мезанад. Аммо чизе тағйир намеёбад ва мардуми одди азобу уқубатрро мудом мечашанд. 

Ҳамасола масъулин сабабҳои лимити барқро бештар меоранд. Ҳамин тавр, рӯзи 1 феврал Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои  обии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ки сабаби қатъи нерӯи барқ ​​дар хонаводаҳо “афзоиши талабот ба нерӯи барқ ​​бинобар суръати рушди иқтисод аст”. Вале, дар хақиқат кувваи барқ ба сабаби тарақиёти иқтисодиёт ягон робитае надорад, агар ки ба хориҷ нафурушанду ба мардуми худ диҳанд. Зоҳиран, дар ин бора тахайюли мансабдорон тамом шудааст ва касе аз мақом давлатӣ дар бораи қатъи ахири барқ ​​изҳори назар намекунад.

Мо аз номи ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи- 24” ва аз номи кулли мардуми оддии тоҷик ба наздикону пайвандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ мекунем. Мо бо шумо ҳамдард ва мотам дорем. Ва дуогӯ ҳастем, ки Аллоҳи мутаъол ҷояшонро ҷаннат гардонад. Ин як фоҷиаи тамоми Тоҷикистон аст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза