17.1 C
Dushanbe
23.11.2024

Мавқеъи Гурӯҳи 24 аз натоиҷи “интихобот”

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон дирӯз – якуми март баргузор гардид. Имсол дар ин интихобот 7 ҳизб расман ширкат карданд. Ба гуфти коршиносон ягона ҳизби мухолифи ҳукумат (ҲХДТ) ин ҳизби Сусиёл демукроти Тоҷикистон бо роҳбарии Раҳматилло Зоиров ба шумор мерафт ва аҳзоби дигарро ҷиноҳони ҳизби ҳоким ва ё наздик ба он қаламдод карданд.

Интихоботҳо дар Тоҷикистон аслан бидуни рақобат ва имкониятҳои баробар ба аҳзоб сурат мегиранд. Аз ин рӯ, мардум дигар ба интихобот ва шаффофият ва адолат дар он бовар надоранд, чун медонанд, ба мисли ҳамешагӣ пур аз тақаллуб сурат мегирад ва лаҷоми он дар дасти як нафар аст. Дар чунин як шароит рақобат кардан барои рақиби мухолифи ҳизби ҳоким хеле душвору сахт ва ҳатто хатарнок аст. Бо вуҷуди ин, Ҳизби Сусиёл Демукроти Тоҷикистон дар чунин шароити душвор мардонавор вориди рақобат шуд ва ин садоқат ба ватан, ростӣ, пойдорӣ ва рӯшанбаёнии ин ҳизб буд, ки “Гурӯҳи 24” аз аъзо ва ҳаводорони худ хоста буд, то ки дар ин интихобот овози худро ба Ҳизби Сусиёл Демукроти Тоҷикистон бидиҳанд.

Ҳарчанд Кумитаи Марказии Интихобот ва Раъйпурсӣ (КМИР) иддао мекунад, ки интихоботҳо шаффоф баргузор мегарданд, касе ба ин иддао бовар ҳам надорад, ва дирӯз ҳам дидем, ки чӣ гуна дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар назди чашми кумисюни интихоботӣ ва ҳатто дурбинҳои назоратӣ тақаллуб сурат мегирифт. Ҳолатҳое мушоҳида шуданд, ки як нафар ба ҷои 10-15 нафар овоз медиҳад ва ё 10-15 варақаи овоздиҳиро вориди сандуқи овоздиҳӣ мекунанд.

Бо вуҷуди ин ҳама тақаллуб ва сиёҳкориҳо, дишаб манбаи сомонаи Ахбор аз КМИР аз натоиҷи аввалияи интихобот ба шакли зерин хабар дод: “Бар асоси санаде, ки ин манбаъ дар ихтиёри сомонаи “Ахбор” гузошт, бар асоси шумориши 1 миллиону 424 ҳазору 346 раъйи додашуда 800 ҳазору 271 нафар, ё 56,18% ба тарафдорӣ аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, 420 558 нафар, ё 29,5% ба тарафдорӣ аз ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ва 6,5 фоиз, ё 92 ҳазору 516 нафар ба ҳизби коммунист овоз додаанд. Ба ин тартиб, бар асоси ин натиҷаҳои муқаддамотӣ, танҳо ҳамин се ҳизб ба парлумон роҳ меёбанд. Ҳизби аграрӣ ҳамагӣ 1,22%, ҳизби ислоҳоти иқтисод 1,62%, ҳизби сотсиалист 1,78% ва ҳизби демократ 3,09% овоз гирифтаанд, ки барои вуруди номзадҳояш ба парлумон кофӣ нест.” Имрӯз ( 02.03.2020) бошад, КМИР натоиҷи интихоботро ба ин шакл эълон кард: ҲАТ – 16.5 (4нафар), ҲДТ-5,1 (1 нафар), ҲИИТ-16 (4 нафар), ҲКТ-3.1 (0), ҲСТ-5.15 (1 н), ҲСДТ-0.32(0), ҲХДТ- 50.40.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” натиҷаҳои эълонгардидаро эътироф надорад ва онро хиёнат бар иродаи мардум шумурда, болои хиёнатҳои қаблии ин режим илова мекунад. Ин натиҷа бори дигар исбот намуд, ки режими диктотурии Раҳмонов заррае ҳам майли ислоҳ шудан надорад ва тоқати шунидани ҳадди ақал як садои эътирозиро дар порлумон надорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ дар масири торих хеле кам нишон додааст, ки режимҳои диктотурӣ ба иродаи мардум эҳтиром гузошта, бо роҳи интихобот иваз шаванд. Бинобарин, роҳе ҷуз инқилоб назди мардуми Тоҷикистон намондааст барои тағйири вазъият. Ҳадаф аз ширкат ва фаро хондан дар ин интихобот паёме ба мардум буд, ки бубинед, чӣ гуна овози шумо ва ҳузури шуморо ин ҳукумат нодида мегирад ва бо таъйиноти худ алайҳи хоҳишоти шумо равиши зиндагии шуморо муайян мекунад. Пас бояд инро нодида нагирифт ва дар андешаи худ шуд. Аз дигар тараф ин паёме ба ҳукумат ва КМИР буд, ки бидонанд, ки воқеият аз он чӣ ки онҳо мепиндоранд, чизи дигарест ва рӯзе хоҳад расид, ки мардум инҳоро барои ин ҳама беадолатӣ ва тақаллуб, мардумситезӣ ва ситаме, ки дар ҳаққи ин мардум раво мебинанд, муҷозот хоҳанд кард, ҳамон туре ки дар Арманистон, Украина, Қирғизистон ва дигар кишварҳо сурат гирифт.

“Гурӯҳи 24” ба тамоми аъзо ва тарафдорони худ ҷиҳати ширкаташон дар интихобот ва нисбат ба зиндагии худ бетараф набудан ва инчунин ба ҲСДТ ва аъзою тарафдорони он баҳри ҷасорат ва азхудгузаштагӣ дар чунин фазои носолим ва рақибони номард изҳори сипос менамояд.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза