Мавзеи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар робита ба муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии Русия нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон.
Ҳафтаи дуввум аст, ки ниҳодҳои интизомии Русия муҳоҷирони кории тоҷикистонии муқими Русияро бо баҳонаҳои мухталиф боздошт ва нисбати онҳо рафтори ғайриинсонӣ менамоянд. Кормандони нерӯҳои вижаи ОМОН ҳафтаи гузашта ба хобгоҳи донишҷӯёни тоҷиктабори Хабаровск ворид шуда, онҳоро бе ягон сабаб латту кӯб карданд.
Рӯзи 24 май дар Котелники боз 100 нафар муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ мавриди бадрафторӣ қарор гирифтанд.
Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳодисаҳои нави боздошти дастаҷамъии тоҷикон, бадрафторӣ нисбати онҳо ва ихроҷашон аз Русия хабарҳои тоза нашр мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон чун ҳамеша барои ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони худ дар Русияи фашистӣ ва нажодпараст чораҳои мушаххас намеандешанд.
Пас аз лату кӯби донишҷӯёни тоҷик Сафири Русия дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват шуд ва ба ҷойи ироаи “нотаи эътирозӣ” ба ӯ, ки як тартиби маъмулӣ дар арсаи равобити байнулмилалӣ дар чунин мавридҳо ба ҳисоб меравад, ҷониби Тоҷикистон аз ин ҳодисаҳо “изҳори нигаронӣ” кардааст. Ибораи ” изҳори нигаронӣ ” хеле хандаовар садо медиҳад.
Пас аз ин Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Русияи нажодпараст дар тамос шуда, хостааст, ки “ин ҳодисаҳо воқеъбинона таҳқиқ карда шаванд”. ОМОН донишҷӯёни тоҷикро ошкоро мезанад, Ҳамро бошад, «хоҳиш мекунам қазияро холисона тафтиш кунед» – мегӯяд. Мисли як латифа.
Мақомоти тоҷик то ҳадде аз Путин вобастаанд, ки ба ҷуз “изҳори нигаронӣ” ва ё “дархости тафтишот” кори дигаре карда наметавонанд.
Дар ҳамин росто, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” амалҳои мақомоти давлати террористӣ, фашистӣ ва нажодпарасти Русияро дар робита ба муносибати бераҳмона нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври қатъӣ маҳкум карда, инчунин беамалии Ҳукумати бесалоҳият ва вобастаи Рахмоновро барои сукут ва бефаъолиятиаш нисбат ба ин воқеаҳо сахт маҳкум мекунад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русияи фашистӣ қарор доранд, муроҷиат намуда, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки дар сурати имкон ин кишварро тарк кунанд.
Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи 24″