24 декабри соли 2024 конфронси Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” оғоз гардид, ки он дар ду формат, ҳузурӣ ва онлайнӣ доир шуда, 25 декабр ба кори худ хотима дод. Ин чорабинии муҳим, ба баррасӣ ва қабули масъалаҳои муҳими ташкиливу идорӣ бахшида шуда буд.
Масъалаи аввалини конфронс ворид намудани тағйирот ба Оинномаи ҳаракат буд, ки баъд аз муҳокимаи ҳамаҷониба ба тасвиб расид. Дар доираи ин тағйирот, департаменти нав бо номи “Департаменти назорати” таъсис дода шуд. Вазифаи асосии ин департамент назорат ва идоракунии равандҳои дохилӣ, назорат аз болои иҷрои қарорҳо, таъмини интизом, мубориза бо амалҳои ғайриқонунӣ ва ҳалли ихтилофҳо мебошад. Дар конфронс ҳамчунин масъули ин департамент интихоб гардид, ки минбаъд ба иҷрои вазифаҳои муҳим дар ин самт машғул мешавад.
Масъалаи дуюм, ки дар конфронс баррасӣ гардид, интихоботи аъзои Шӯрои ҳаракат тибқи талаботи Оинномаи нав буд. Дар натиҷаи раванди интихоботи шаффофи дихилӣ, аъзои нави Шӯрои ҳаракат интихоб шуданд, ки онҳо барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаолияти ҳаракат масъул хоҳанд буд.
Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён инчунин масъалаҳои марбут ба густариши фаъолияти ҳаракат, тақвияти иртибот бо мардум ва таҳкими муборизаҳои осоиштаро баррасӣ карданд. Ҳайати ҳаракат таъкид намуд, ки тамоми талошҳо барои расидан ба озодӣ, адолат ва рушди фарҳангиву сиёсӣ бо роҳҳои осоишта идома хоҳанд ёфт. Ва инчунин намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар Амрико Қурбоналӣ Орипов аз ин масъулият озод карда шуд.
Ин конфронс бозгӯкунандаи он буд, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бо иродаи қавӣ ва якдилӣ ба сӯи ҳадафҳои худ ҳаракат карда, барои таъмини адолат ва рушди озодии мардум аз ҳама захираҳо самаранок истифода мебарад. Дар фарҷом, роҳбарияти ҳаракат ба тамоми аъзо ва ҷонибдорони худ барои иштироки фаъол дар конфронс изҳори сипос намуда, ҳамагонро барои ҳамкории минбаъда даъват кард.
Бо ин ҳама, конфронс паёме равшан дод, ки “Гурӯҳи-24” барои расидан ба адолат ва озодӣ бо қадамҳои устувор ва созанда идома медиҳад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”