“Гурӯҳи 24” ҳамлаи низомии Исроил алайҳи Эронро қатъиян маҳкум мекунад. Ин амал ҳамчун таҷовуз ба ҳудуди як кишвари соҳибихтиёр, поймол кардани ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои асосии ҳамзистии осоишта арзёбӣ мешавад.
Мо бар онем, ки ҳар гуна ихтилоф, новобаста ба шиддат ва сабаби он, бояд танҳо бо роҳи дипломатӣ — тавассути муколама, миёнаравӣ ва дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ҳал карда шавад.
СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд нисбати чунин амалҳои таҷовузкорона баҳои одилона ва қатъӣ диҳанд!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи24”