0.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Изҳороти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар робита ба ҳодисаи ахири Хоруғ

 Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, чанд рӯзи ахир вазъият дар шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ ноором аст. Сабаби асосии муташанниҷ гардидани вазъият кушта шудани сокини вилоят Зиёбеков Гулбиддин аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи режими истибдодии Раҳмонов гардид. Мақомот тибқи маъмул сабаби ба қатл расидани Зиёбеков Гулбиддинро ба он рабт доданд, ки ӯ дар пайгард қарор дошт ва ҳангоми боздошт ба кормандони мақомоти интизомӣ муқовимат нишон дод. 25 ноябр садҳо нафар сонинони вилоят тобути мақтулро ба назди бинои Ҳукумати вилоят оварда, аз мақомот талаб карданд, ки сабабҳои кушта шудани Зиёбековро таҳқиқ карда, ҷавобгаронро ба ҷавобгарӣ кашанд. Тазоҳуркунандагон шабро дар назди бинои Ҳукумати вилоят гузаронида, субҳи имрӯз 26 ноябр, ба муқовимати мусаллаҳонаи нерӯҳои интизомӣ дучор шуданд, ки бар асари он боз ду нафар аз сокинони гирдиҳамоии осоишта, Амиршоев Тутишо ва Муродбеков Гулназар аз ҷониби қотилони режими ҷинояткор кушта шуданд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” қатли сокинони осоиштаи Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ аз ҷониби режими ҷинояткори Раҳмоновро сахт маҳкум намуда, истифода бурдани силоҳ ба муқобили мардуми осоштаро ҳамчун ҷиноят арзёбӣ менамояд. Мо ҳамчунин қатъ гардидани интернетро, ки аз ҷониби мақомот ҳамчун силоҳ бар муқобили ошкор шудани ҷиноятҳои режим истифода бурда мешавад, нақзи ҳуқуқи башар медонем.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба пайвандону наздикони қурбониёни ҳодисаи ахири Хоруғ таслият арз намуда, дар ин лаҳзаҳои душвор ҳамраъйии худро ба мардуми вилояти Бадахшон ва тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистон изҳор менамояд ва онҳоро дар ин роҳи ҳақ дастгирӣ мекунад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза