5.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Идомаи талошҳои “Гурӯҳи 24” барои ҳалли қазияи Шобуддин Бадалов

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” талош меварзад, то мақомоти марбутаи Русия, махсусан ВКД ва Хадамоти федеролии амниятии кишвар садои ӯро шунаванд ва ҳодисаи рабуда ба Тоҷикистон фиристода шудани фаъоли сиёсии Гурӯҳи 24 Шобуддин Бадаловро ҳарчӣ зудтар таҳқиқу баррасӣ кунад ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашад. Бо ҳамин мақсад 16 октябри соли равон фаъолони ҷомеъаи шаҳварндӣ дар назди сафоратхонаҳои Русия дар Утриш ва Ҳолланд пикетҳои эътирозӣ баргузор намуданд.
Иштироккунандагони ин иқдоми сиёсӣ бо шиорҳои пешинаи худ ” Муборизин фикр мекарданд, ки дар кишвари амн қарор доранд”, ” Русия бояд ба сиёсати стандарти дугона хотима бахшад!” ва ” Шобуддин Бадалов аз ҷониби пулиси Русия рабуда шуд” таваҷҷӯҳи мақомоти Русияро бори дигар ба ҳалли фаврӣ ва бечунучарои ҳодисаи нангин ва асрорангези рабуда ба Тоҷикистон фиристода шудани узви фаъоли “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов даъват намуданд. То ба ҳол сукут ихтиёр варзидани мақомоти Русия моро ба андешае мебарад, ки дар ин қазия асроре нуҳуфтааст ва ифшои он барои содиркунандагони ин ҷиноят дарднок ва шармовар аст. Он посухи ВКД Русия, ки “Шобуддин Бадалов аз тариқи фурӯдгоҳи Демодедоваи Маскав ба Душанбе парвоз кард”, ба меъёрҳои на ҳуқуқ, на мантиқ ва на ахлоқ ҷавобгӯ набуда, моро ҳеҷ гоҳ қонеъ намекунад. Аз ин рӯ, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бори дигар ба самъи мақомоти Русия мерасонад, ки мавқеъаш дар ин самт қатъист ва ҳама роҳу усулҳоро истифода мебарад, то ба ҳалли одилонаи ин масъала муваффақ гардад.
 
Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза