Заминларзаи шадид дар Туркия ва Сурия
Бар асари заминларзаи харобиовари 7,8 дараҷаӣ дар марзи кишвари Туркия ва Сурия беш аз 3700 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин заминларза қавитарин зилзила дар даҳсолаҳои ахир ҳисобида мешавад. Шумораи қурбониён ҳар соат дар ҳоли афзоишаст.
Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), заминларзаи 7,8 дараҷаӣ соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ дар наздикии шаҳри Ғозиантеп, як маркази бузурги саноатӣ дар наздикии марз бо Сурия рух дод. Ҷунбиши замин дар Лубнон, Ироқ, Миср, Юнон, Кипр ва Исроил низ эҳсос шуд.
Баъдтар, заминларзаи дуюми 7,5 дараҷа ва боз даҳҳо зилзилаҳои заифтар ба амал омаданд, – хабар медиҳад USGS. Дар минтақаҳои мухталиф, аз ҷумла пойтахти кишвар шаҳри Анкара, дар Адана, Невшеҳир, Ғозиантеп, Кайсери, Мерсин ва Ҳатай низ ҷунбидани замин эҳсос шуд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” хабари ин заминларзаи харобиоварро бо андӯҳи зиёд дарёфт кард ва ҳамдардии амиқи худро ба мардуми ҳар ду кишвар баён мекунад.
Мо бо ҳамаи онҳое, ки аз ин офати табиӣ осеб дидаанд, бахусус онҳое, ки дар ин фоҷиа хешу табор ва дӯстони худро аз даст додаанд, ҳамдардем ва ба даргоҳи Худованди мутаъол дуъо мекунем, ки ба мотамдорон сабри ҷамил ато фармояд, захмиёнро зудтар шифо бахшад ва нерӯи ҳамаи онҳоеро, ки барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ заҳмат мекашанд, қавӣ гардонад.
Иллоҳо омин!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”