Ҳодисаи ахир дар колонияи рақами 6-и Ваҳдат бори дигар чеҳраи воқеии режими Раҳмоновро ошкор кард. Тирпаронӣ дар маҳбас, марги маҳбусон ва маҷрӯҳ шудани кормандони ҳифзи ҳуқуқ нишон медиҳад, ки нооромӣ ва бесуботӣ дар дохили низоми ҳоким аз он чӣ ки расман эълон мешавад, хеле амиқтар аст.
Тибқи иттилои манобеи мустақил, дар ин ҳодиса 7 нафар маҳбус кушта ва 4 корманди зиндон захмӣ шудаанд.
Режим ҳамеша худро ҳамчун кафили субот ва оромӣ муаррифӣ мекунад, аммо воқеият комилан дигар аст. Ҳар садое, ки хилофи иродаи ҳокимият бошад, бо зӯрӣ хомӯш карда мешавад. Аз маҳдуд кардани озодии баён то шиканҷаи зиндониён – ҳамаи ин ҷузъҳои сиёсати бераҳмонаи ҳукумат аст.
Тайи чанд даҳсола режими Раҳмонов бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ мухолифони худро саркӯб мекунад. Аммо ҳодисаи Ваҳдат собит кард, ки хатари аслӣ на аз мухолифон, балки аз худи сохторҳои фасодзада ва золими давлат аст. Агар низом воқеан устувор мебуд, чаро ҳар муноқишаи дохилӣ ба задухӯрд ва хунрезӣ мекашад?
Раҳмонов ва атрофиёнаш Тоҷикистонро ба як давлати пӯшида ва полисӣ табдил додаанд. Матбуоти озод амалан вуҷуд надорад, мухолифони сиёсӣ ё зиндонӣ шудаанд, ё маҷбур ба тарки ватан. Ҳодисаҳои мисли ин, ки 3 феврал рух дод, танҳо боз як далели дигарест, ки нишон медиҳад низоми Раҳмонов танҳо ба воситаи тарс ва зӯроварӣ худро ҳифз мекунад.
Саволе, ки мардум бояд аз худ бипурсанд: оё ин давлат метавонад ба амнияти шаҳрвандон кафолат диҳад, вақте ҳатто дар дохили зиндонҳо низ қудратро бо силоҳ ҳимоят мекунанд? То кай Тоҷикистон бояд шоҳиди чунин ҳодисаҳои хунин бошад?
То он даме, ки ин режим бо шеваи саркӯбгаронаи худ ҳукуматро идома медиҳад, кишвар ба тараққиёт не, балки ба нооромии бештари дохилӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
То вақте ки мардум хомӯш бошанд ва тарс дар ҷомеа ҳукмрон бошад, Раҳмонов ва режими ӯ ба ҳукмронии худ идома медиҳанд. Диктатура танҳо вақте поён меёбад, ки ҷомеа аз тарс раҳо шавад ва мардум бо ҳам муттаҳид шаванд.
Таърих нишон додааст, ки ҳеҷ як режим абадӣ нест. Дер ё зуд, низоми золимона аз байн меравад, махсусан вақте, ки фишори дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳадди ниҳоӣ мерасад. Саволе, ки боқӣ мемонад: то кай мардум бояд ин зулмро таҳаммул кунанд?
Раҳмонов ҳукуматашро бар пояи тарс, фасод ва зӯрӣ нигоҳ медорад, аммо ин шева дер давом намекунад. Ҳар қадар бештар зулм кунад, ҳамон қадар зудтар поёни режими ӯ фаро мерасад. Танҳо иродаи мардум метавонад сарнавишти Тоҷикистонро дигар кунад.
Дар охир тамоми онмаҳрумоне, ки аз дасти ин режим ба ҳалокат расидаанд, Худованд тариқаи раҳмат ва шоистаи Ҷаннат гардонад. Ба хешовандон ва ақрабон сабри ҷамил хоҳонем.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”