17.1 C
Dushanbe
23.11.2024

ДАРГУЗАШТИ МАРҲУМ РАҲМАТУЛЛО ЗОИРОВ РАИСИ ҲИЗБИ СОТСИАЛ-ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқшиноси маъруф, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ дар синни 67-солагӣ аз дунёи фонӣ ба дунёи боқӣ реҳлат кард.

Бо гуфти ҳамсараш Мавзуна Каримова, субҳи 18-уми майи соли ҷорӣ ин воқеа рух додааст ва то ҳол иллати маргаш тасдиқ нашудааст. Аммо бо гуфти баъзе аз аъзоёни ҳизб Зоиров вақтҳои охир каме бемор буд ва аз бемории пояш шикоят мекард.

Ба ҳамаи мо маълум буд, ки вазъи саломатияш баъди ҳамлаи соли 2020 оғоз гашта буд. Ва соли 2021 вақте дигар дар матбуот набаромат, ҳамзамон яку якбори истеъфои худро эълон кард. Ва маълум набуд, чаро ингуна истеъфои худро дода буд. Ба гуфти баъзе мунаққидони ҳукумати диктотурии Раҳмонов Ӯ зери шиканҷа ва маҷбуркунии Амният ва ВКД ин корро кардааст, зеро Ӯ яке аз сахтарин рақиби режими имрӯза ба ҳисоб мерафт. Ӯ ҳамеша аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва камбудиҳои ҳаррӯза суҳбат мекард, ки ин ба режими имрӯза ҳамчун душман ҳисобида мешуд.

Аз соли 1998 то соли 2021 роҳбари ҳизбаш Сотсиал-демократ буд. Ва аз теъдоди тақрибан 12 ҳазор аъзоёни ҳизбаш дар расонаҳо суҳбатҳо мекард. Ӯ ҳуқуқшиноси барҷаста ва донишманди хело олӣ буд. Аз соли 2001 бошад то соли 2003 ба ҳайси мушовири Диктатор Раҳмонов кор кардааст.

Ин бори аввал ва охир нест, ки режими хунхори Раҳмонов зиёиён ва нухбагони ин кишварро бо роҳҳои пинҳонӣ ва аз тариқи гуногун аз байн мебарад…

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз шунидани ин воқеа сахт андӯҳгин буда, ҳамдардии худро иброз менамояд ва хешовандону наздиконаш сабри ҷамил хоҳонаст. Инчунин дуогӯ ҳастем, ки ҷои марҳум Раҳматулло Зоиров ҷаннат ва хонаи охираташ обод бошад. Амин.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза