-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

Гузориши Шодмон Маҳмадуллоев, узви фаъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Конфронси солонаи Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо

    Гузориши Шодмон Маҳмадуллоев, узви фаъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Конфронси солонаи Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо


Имрӯз, 29 сентябри соли 2022 Шодмон Маҳмадуллоев, узви фаъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Конфронси солонаи Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи “Таҳаммулнопазирии мазҳабӣ” суханронӣ кард.

Дар Тоҷикистон, – сухани худро оғоз кард Шодмон Маҳмадуллоев, таҳаммулнопазирии мазҳабӣ хеле шадид аст, аммо он мушкили муносибатҳои ҷомеа нест, балки мушкили таҳаммулнопазирӣ нисбат ба шаҳрвандони диндор аз ҷониби давлат аст. Ба ибораи дигар, мақомот дар сухан аз дин пуштибонӣ мекунанд, аммо дар амал шаҳрвандони эътиқоди дошта таъқиб мешаванд. Ба гуфтаи Шодмон Маҳмадуллоев, дар солҳои охир дар Тоҷикистон қонунҳое қабул шуданд, ки ба назорати қатъии иттиҳодияҳои динӣ ва дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон нигаронида шуданд, ки қонунҳои «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи нақши падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон» аз он ҷумлаанд. Комиссияи байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ҳамасола ба феҳристи кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои мазҳабӣ шомил мекунад, ки дар он мақомот озодиҳои мазҳабиро мунтазам, давомдор ва дағалона поймол мекунанд. Режими Раҳмонов нисбат ба диндории ҷамъиятӣ сиёсати саркӯбгаронаро дунбол мекунад, ҳама эътиқодҳо таъқиб мешаванд. Мақомот атрибутҳои оммавии диндориро аз байн бурда, маросими дафн ва арӯсиро маҳдуд мекунанд ва мардони ришдор ва занони ҳиҷобпӯшро таъқиб мекунанд. Дар сатҳи расмӣ маъракаи зидди либоси исломии занона ҷараён дорад. Занони ҳиҷобпӯш на танҳо ба муассисаҳои давлатӣ ва маконҳои ҷамъиятӣ роҳ дода намешаванд, балки нисбати онҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ мунтазам юришҳо ташкил карда мешаванд. Дар натиҷаи чунин юришҳо занон зери таҳқири маънавӣ қарор гирифта, ҷарима мешаванд ва ҳатто бо баҳонаҳои гуногун нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз мешаванд.

Баъдан таъкид намуд сухангӯ, дар Тоҷикистон на танҳо намояндагони дини мубини ислом таъқиб мешаванд, мақомот нисбат ба дигар конфессияҳо низ таҳаммулнопазирии мазҳабӣ зоҳир мекунанд. Бисёре аз созмонҳои дигари динӣ, ки қаблан дар Тоҷикистон ҳаққи мавҷудият доштанд, бо баҳонаи сабти номи дубора баста шуданд. Масалан, соли 2008 Додгоҳи Тоҷикистон фаъолияти созмони динии “Шоҳидони Йеҳӯва”-ро дар саросари кишвар манъ кард. Мақомот ғояҳои “яҳудиён”-ро ифротгароӣ медонанд. Бахусус ба мақомот писанд нест, ки пайравони ин конференсия мухолифи хидмати сарбозӣ мебошанд. Ҳамин тавр, суханашро ҷамъбаст намуд.
Шодмон Маҳмадуллоев, режими авторитарӣ ба ҷои шаҳрвандон тасмим мегирад, ки ба кадом дин эътиқод дошта бошанд ва ё умуман муттадайин бошанд ё на.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза