-0.9 C
Dushanbe
27.12.2024

Гузориши “Гурӯҳи 24” дар нишасти САҲА

Намояндагони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо роҳбарии Муҳаммадраҷаб Сайдалиев – намояндаи ҳаракат дар Олмон ва Беҳруз Тағойзода, Муҳаммадҷон Абдуллоев ва Баракатуллоҳ Зокиров дар конфронси Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо, ки санаи 15-16 июл дар шаҳри Венаи Утриш баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар ин платформае, ки бо унвони «Чораҳои бисёрҷониба ва мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон дар Интернет» бахшида шудааст, фаъолони “Гурӯҳи 24” гузориш доданд.
“Гурӯҳи 24” мавқеи худро нисбати ин қазия дар Тоҷикистон баён намуд.
Бояд қайд кард, ки ҳайати режими Раҳмонов низ дар ин Конфронс иштирок доштанд ва дар ҷараёни суханронии фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ – Вайсиддин Одинаев, онҳо чун ҳарвақта рафтори дағалона карда, бори дигар худро назди ҷомеъаи байналмилалӣ шармсор намуданд.
Намояндагони режими худкома сухани Одинаевро қатъ намуда, талаб карданд, ки ба ӯ иҷозати суҳбат дода нашавад. Ҳатто нисбати ӯ таҳдид ва таҳқир низ сурат гирифт, ки ин боиси дахолати масъулони нишаст гашт ва огоҳӣ барои риояи қоидаҳои конфронс ба онҳо дода шуд.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза