15.1 C
Dushanbe
25.12.2024

Ворис

3-юми апрел, маълум шуд, ки Рустами Эмомалӣ дар интихоботи Маҷлиси Вакилони шаҳри Душанбе пирӯз шуд. Шурӯъ аз моҳи феврали соли равон, ӯ ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъин шуда буд. Айни замон бошад, баъди вакили ҳокимияти қонунгузори шаҳр таъин шуданаш, салоҳияти раиси шаҳрро бар ӯҳда мегирад.

Ба он ки Рустами Эмомалӣ дар интихобот пирӯз мешавад, ягон шакке набуд. Ҳаракати ӯро ба сӯйи курсии президентӣ падараш Раҳмонов кайҳо боз оғоз кардаву идора мекард. Фаъолияти бомуваффақияти писараш дар вазифаҳои гуногун, тағйири сарқонун ва инак пирӯзии ӯ дар интихобот худ шаҳодат аз он медиҳад. Пирӯзии охирин бошад, дар навбати худ, ба писари президент дарҳоро ба сӯйи раиси палатаи болоии парламент- Маҷлиси Миллӣ, ки роҳбарияшро Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ӯҳда дорад, боз мекунад. Дар раванди чунин ҳодиса, Рустам Эмомали шахси дуввуми мамлакат мешавад. Ин маънои онро медиҳад, ки дар вақти бемории президент ё ба ягон сабаби дигар идора карда натавонистан, Рустами Эмомалӣ метавонад ӯро иваз кунад.

Амалӣ намудани нақшаи дар боло зикршуда фақат вақт металабад. Чи тавре ки синну соли узви Маҷлиси Миллӣ ба синни 30-солагӣ поён оварда шуд, ҳамон тавр синни номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ низ, поин оварда шуд. Вале Рустами Эмомалӣ ба ин синну сол нарасидааст, ки ин метавонад ба фаъолияти вакилии ӯ монеъа эҷод кунад. Ин албатта, аз эҳтимол дур аст. Охир барои раиси шаҳр шудан ҳам, синни ӯ камӣ мекунад. Аммо ин тавр дағалона вайрон кардани сарқонун маълум, ки касеро ба ҳаяҷон наовард. Аз ин маълум мешавад, ки элитаи ҳукмрон бо ҳама роҳу восита ҳамаи шароитҳоро муҳайё мекунанд, то ки ҳукуматро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба писараш Рустами Эмомалӣ супоранд.

З. Шоева

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза