0.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Вокуниши роҳбари “Гурӯҳи 24” ба қатли Ҷумъабой Маҳмадов

Ҳанӯз, Сомонаи “Ахбор” рӯзи 20-уми декабри соли ҷорӣ аз шаҳодати Ҷумъабой Маҳмадов дар зиндони ” Кирпичний” – и ҷамоати Роҳатии шаҳри Ваҳдат хабар дод . Ҷумъабой Маҳмадов, разманда ва мухолифи собиқи ИНОТ, ки тобистони соли равон аз Русия ихроҷ карда шуда буд, ахиран дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон аз роҳи шиканҷаю озор ба шаҳодат расид.

Шаҳиди марҳум сентябри соли 2014-ум дар яке аз гирдиҳамоиҳои эътирозии ” Гурӯҳи 24″ дар шаҳри Москави Русия ба ҳайси як шаҳрванди Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карда, ҷавононро ба ватандӯстӣ ва шуҷоату мардонагӣ фаро хонд. Ҳукумати Тоҷикистон ӯро бо иттиҳоми узвият дар ” Гурӯҳи 24″ ба муддати 4 сол равонаи зиндон кард. Роҳбари ” Гурӯҳи 24″ – Сӯҳроб Зафар, рӯзи 23-юми декабр дар барномаи “Садои Мардум ” перомуни шаҳодат ва ҷузъиёти марги пуршиканҷаи Ҷумъабой суханронӣ карда, ӯ на танҳо қатли Ҷумъабой, балки ҳатто боздошт ва зиндонӣ кардани ӯро ба шиддат маҳкум кард.

Сӯҳроб Зафар ёдовар шуд, ки Ҷумъабой ҳанӯз дар моҳи сентябри соли 2014-ум дар гирдиҳамоии эътирозии “Гурӯҳи 24″ ширкат карда буд ва он гоҳ ” Гурӯҳи 24″ ба унвони як гурӯҳи ифротӣ аз ҷониби додгоҳи Олии Тоҷикистон шинохта нашуда буд ва танҳо додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 9- уми октябри соли 2014-ум ” Гурӯҳи 24″-ро ба рӯйхати гурӯҳҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ шомил кард ва фаъолияташро дар дохили кишвар боз дошт. Инчунин кушиш намуд, то дигар кишварҳо низ ин амали ҳукуматро дастгирӣ ва пайравӣ намоянд, аммо муваффақ нашуд.

Роҳбари “Гурӯҳи 24 ” ин амалкарди ҳукуматро ҳамчун “паёме аз ҳукумат” ба дигар шаҳрвандони кишвар, ки ба “Гурӯҳи 24” мепайванданд ва ё дар гирдиҳамоиҳои “Гурӯҳи 24” иштирок мекунанд, унвон кард ва гуфт ин амал танҳо барои тарсонидани дигар муборизон иҷро шуда аст, вале барои як муборизи воқеӣ чунин як амал таъсиргузор нахоҳад буд. Ин равиш тарсуро дур мекунад, аммо қавиро қавитар мегардонад. Тафсилоти бештарро метавонед аз навори сӯҳбати эшон пайгирӣ намоед.

Шиканҷа кардани маҳбусон ва ба хусус маҳбусони сиёсию динӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон борҳо сару садои зиёдеро ба бор оварда буд ва ҷомеаи шаҳрвандию созмонҳои ҳуқуқи башар борҳо инро маҳкум карда буданд. Қонунгузории Тоҷикистон шиканҷа кардани маҳбусонро манъ карда аст, вале зиндонбонҳои тоҷик бо роҳбарии Изатулло Шарифов мулаққаб ба “ЗОРО” хилофи қонун ба шиканҷаю латту кӯби зиндониён машғуланд. Изатулло Шарифов дар ин амр мустақиман пойбанд ба амру фармони роҳбарияти кишвар мебошад. Расонаҳо борҳо аз шиканҷаи афроде чун: Зайд Саид, Бузургмеҳр Ёров, аъзои ” Гурӯҳи 24″, аъзои ҲНИТ, ва дигар зиндониёни сиёсию динӣ хабар додаанд.

Ҷумъабой Маҳмадов ва афроде монанди ӯ бо вуҷуди узви ҳизб ё ҳаракате буданашон, ибтидо шаҳрвандони кишвар ҳастанд ва агар фаразан гуноҳ ва ҷурме доштанд, ки надоранд, аз озодӣ маҳрум карданашон ин худ ҷазои кофист, ва ин ки то мурдан шиканҷа мешаванд, як амри бераҳмона ва ғайри инсонию ғайри ахлоқӣ ба шумор меравад ва баёнгари боризи он аст, ки ҳукумат мухолифин ва мардуми худро бо ин роҳ аз садди роҳи худ бармедорад. Ҷомеа ва тамоми шаҳрвандони кишварро мебояд, ки дар чунин як амри шум бетараф набошанд, зеро то мурдан шиканҷа кардани як зиндонии ситамдида ба ростӣ як доғи ҷомеаи тоҷик аст.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

(Видео)

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза