8.1 C
Dushanbe
21.12.2024

ВКД Русия даъво дорад, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон шаҳрванди Русия нест

18 июни соли равон аз номи Сарраёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар робита ба дархости Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”  ба ниҳодҳои марбутаи ин кишвар, аз ҷумла Дастгоҳи Президент доир ба ҳодисаи бедарак шудани намояндаи ҳаракат дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон ҷавоб омад.

      Дар он гуфта мешавад, ки  “ Раҳматҷони Маҳмадҷон, соли таваллудаш 05.08.1990 шаҳрванди Федератсияи Русия нест. Дар сабтҳои оперативӣ ва иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Русия маълумоте мавҷуд аст, ки ӯ  18 майи соли 2021 қаламрави Федератсияи Русияро тарк кардааст ва мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия дар бораи макони  будубоши ӯ маълумот надоранд. Аз ин сабаб дар масъалаи ҷустуҷӯи Раҳматҷони Маҳмадҷон тавсия медиҳем, ки минбаъд ба  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Ҳамзамон, ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар сурати такрори чунин дархостҳо барои ҷустуҷӯи Раҳматҷони Маҳмадҷон ба суроғаи мо Вазорати корҳои дохилии Русия мукотибаашро бо шумо қатъ  менамояд”.

    Тавре дида мешавад, Вазорати корҳои дохилии Русия ҳамоно пофишорӣ мекунад, ки ба ин ҷинояти одамрабоӣ ва истирдоди ғайриқонунӣ даст надорад ва барои рӯпӯш кардани қонуншиканиҳояш омода аст ҳама гуна усулу воситаҳои хилофи қонун истифода барад. Ин дафъа мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар иддао доранд, ки  Раҳматҷони Маҳмадҷон шаҳрванди Федератсияи Русия нест, қаламрави ин кишварро 18 май тарк кардааст ва моро зарур аст аст, ки барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат намоем ва бо ҳамин роҳ масъулияти ин ҷиноятро аз сари худ соқит карданӣ ҳастанд. Аҷабо,  мақомоти Русия, ки то ба ҳол Раҳматҷони Маҳмадҷонро шаҳрванди ин кишвар медонистанд, дар кадом асос имрӯз даъво доранд, ки “ӯ шаҳрванди Русия нест”. Агар ӯ воқеан ҳам шаҳрванди Русия набошад, пас кай, бо қарори кадом додгоҳ  ва дар кадом асос шаҳрвандии ӯро бекор кардаанд?  Чаро дар ин бора дар нома чизе гуфта нашудааст ва санаде пешниҳод нагардидааст?  Ва фаразан, агар шаҳрвандии ӯро лағв карда бошанд, чаро худи ӯ то замони нопадид шуданаш дар ин бора чизе намедонист? Шояд кормандони ВКД Федератсияи Русия барои рӯпӯш кардани як ҷинояти худ боз ҳам бар хилофи қонун амал карда, бо асноди сохта ва қалбакӣ шаҳрвандии Раҳматҷони Маҳмадҷонро бекор карда бошанд?

    Дар охир  Сарраёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар номаи ҷавобии худ ба мо ҳушдор додааст, ки дар сурати муроҷиати такрорӣ мукотибаашро бо мо қатъ хоҳад кард. Онҳо, ки  бо роҳи таҳдид мехоҳанд моро тарсонанд ва ба хомӯш гардидан водор кунанд,  дар асл  худашон аз ошкор  шудани ҷиноятҳои пайдарпайи  худ сахт ба ҳарос афтодаанд ва аз ин сабаб роҳи таҳдидро пеш гифтаанд.  Вале онҳо моро ба ҳеҷ ваҷҳ тарсонидан ва хомӯш кардан наметавонанд, зеро ҳақ бар ҷониби мост ва роҳи мо рост аст. То ошкор шудани ин ҳама ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия мо хомӯш нахоҳем буд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза