0.1 C
Dushanbe
25.12.2024

БОЗ РЕЖИМИ ДИКТАТОРИИ РАҲМОНОВ БО ҲУКМИ НООДИЛОНАИ ХУД НИСБАТИ СУҲРОБ ЗАФАР ВА НАСИМҶОН ШАРИПОВ ЧЕҲРАИ АСЛИИ ХУДРО ВОЗЕҲТАР НИШОН ДОД.

 

Номардӣ ва ноадолатии низоми Раҳмонов. (…ба хун омадам ва ба хун меравам… гуфта буд, Раҳмонови золиму Диктатор)

Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов ҳамчун қурбониёни режими золим

Сиёсати золимона ва бераҳмонаи режими  Раҳмонов бори дигар чеҳраи нохуби худро ба ҷаҳониён намоиш дод. Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов, ду шахсияти мубориз ва озодандеш, ки ба хотири адолат ва озодии халқи тоҷик аз зулми низоми феълӣ мубориза мебурданд, имрӯз ба зиндонҳои номусоиди низомаш сахти Тоҷикистон бурда шудаанд.

Сӯҳроб Зафар, роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, як шахсияти оромтабиат ва хирадманд буд, ки ҳамеша роҳи осоиштаро барои расидан ба адолат интихоб мекард. Ӯ бо суханони пурмӯҳтаво ва рӯҳбахши худ ба мардум умед мебахшид. Ҳадафи ӯ на шӯриш, на зӯроварӣ, балки баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсии мардум буд. Бо вуҷуди ин, Раҳмонов, ки ҳар гуна озодандеширо хатар ба қудрати худ медонад, ӯро ба як душмани давлат табдил дод.

Аз тарафи дигар, Насимҷон Шарипов, намояндаи фаоли ҳамин ҳаракат, бо иродаи қавии худ барои беҳбудии миллат ва озодии кишвар аз доми ситами Раҳмонов талош мекард. Аммо режими золим, ки ҳеҷ гуна танқид ё мухолифатро намепазирад, ӯро низ ба ҳалқаи таъқиб ва маҳдудият кашид.

Боздошт ва истирдоди ин ду шахси мубориз аз Туркия ва интиқоли онҳо ба зиндонҳои низомаш сахти шаҳри Ваҳдат ва Хуҷанд намоиши равшани сиёсати золимонаи Раҳмонов мебошад. Зиндонҳое, ки барои шиканҷа, беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон ва шароити ғайриинсонӣ маъруфанд. Ин амалиёти таҳқиромез, ки таҳти ниқоби “амнияти миллӣ” анҷом дода мешавад, танҳо ва танҳо барои нигоҳ доштани ҳукумати худкомаи Раҳмонов мебошад.

Раҳмонов, ки худро “пешвои миллат” меномад, дар асл як диктаторест, ки бо саркӯби мухолифин, хомӯш кардани садои озодандешон ва сохтани як низоми полисӣ миллатро зери фишор нигоҳ медорад. Ҳар нафаре, ки бар зидди зулму ситам сухан мегӯяд, бо ҷазои шадид рӯбарӯ мешавад. 

Ҷинояти Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов танҳо ин буд, ки онҳо ҳақиқатро мегуфтанд ва барои ислоҳоти мусолиматомез даъват мекарданд.

Интиқоли Сӯҳроб Зафар ба зиндони Ваҳдат ва Насимҷон Шарипов ба Хуҷанд нишон медиҳад, ки режими Раҳмонов то чӣ андоза аз суханони ҳақ ва муборизаҳои осоишта метарсад. Зеро маҳз чунин шахсиятҳо қудрати золимро ба ларза меоранд.

Ҳукумати Раҳмонов на танҳо мухолифинро саркӯб мекунад, балки озодии сухан, демократия ва ҳуқуқи инсониро низ поймол мекунад. Зиндон кардани Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов танҳо як намунаи бешумори зулму ситами ин режим аст. Аммо таърих собит кардааст, ки ҳеҷ гуна зулм абадӣ нест.

Ин қаҳрамонон, ҳатто дар паси панҷараҳо, бо иродаи худ ба ҳукумати Раҳмонов нишон медиҳанд, ки ҳақиқат ва адолатро наметавон зиндонӣ кард. Ҳар рӯз, ки онҳо дар зиндон ҳастанд, шӯълаи мубориза барои озодӣ дар дилҳои мардум қавитар мегардад.

Мо, ҳамчун халқи озодандеш ва масъул, бояд аз ин зулм огоҳ бошем ва фарёди ҳақиқатро баланд кунем. На танҳо барои Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов, балки барои ҳамаи онҳое, ки зери ҳукумати золим дар азобанд, барои раҳоияшон талошҳо кунем.

Раҳмонов бояд донад, ки зулму ситамаш боиси абадӣ шудани ҳукуматаш намегардад. Балки ин зулм оҳиста-оҳиста пояҳои ҳукуматашро заиф мекунад. Ҷавобгарии таърих ногузир аст, ва рӯзе фаро мерасад, ки қудрати зулм дар баробари иродаи мардум шикаста хоҳад шуд. Ва мардум қасоси худро аз ин режими хунхор хоҳад гирифт. 

Озодӣ барои Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов! Озодӣ ба зиндониҳои сиёсӣ. Озодӣ ба мардуми Тоҷикистон!

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза