5.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Билол Қурбоналиев, ки аз Олмон ихроҷ шуда буд аз сӯи мақомоти тоҷик боздошт шудааст


Билол Қурбоналиев, ки аз Олмон ихроҷ шуда буд аз сӯи мақомоти тоҷик боздошт шудааст.

Рӯзи 16 феврал иттилоъ дар бораи боздошти Билол Қурбоналиев, як фаъоли “Гурӯҳи-24” аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон тасдиқи расмӣ гирифт. Зимни нишасти хабарӣ корманди Додситонии кулл тасдиқ кард, ки Билол Қурбоналиев боздошт шуда, ҳоло дар “СИЗО” боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе қарор дорад ва алайҳи ӯ бо иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ парванда боз шудааст.

Мутаассифона, ҳамаи даъватҳои мо ба мақомоти Олмон нодида гирифта шуданд. Ва акнун шахсе, ки танҳо барои озодӣ ва демократия мубориза мебурд, ба зиндон ва шиканҷаи дарозмуддат дучор мешавад. Ҳукуматдорони Олмон аз ин воқеаи руйдода чашм пушида бо бевосита бо ҳукумати Диктотурӣ ҳамкорӣ кард. Умедворем, ки мақомоти Олмон, ки тасмими иштибоҳ гирифтанд ва ба сарнавишти Билол Қурбоналиев дахолат мекунанд.

Тавре қаблан навишта будем, сарфи назар аз эътирозҳо ва кори адвокат, мақомоти Олмон, 8 декабри соли 2023 Билол Қурбоналиевро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Маълум нест, ки Тоҷикистон аз кай ба як кишвари амн барои мухолифони сиёсӣ табдил шудааст, аз нигоҳи мақомоти Олмон?! Боздошти ахири як фаъоли сиёсӣ дарҳол пас аз бозгашт ба кишвар нишон медиҳад ва собит мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст, ки Раҳмонов ҳар гуна зуҳуроти андешаи озодро дар гулӯ мерезад ва онро беҷазо намегузорад. Ҳукумати Диктотурӣ ҳар лаҳза мехоҳад мухолифонашро тӯъмаи худ кунад. Ва ба курсии золимонаи худ идома диҳад…

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза