11.1 C
Dushanbe
21.12.2024

БИЛОЛ ҚУРБОНАЛИЕВ БА ДАҲСОЛИ ЗИНДОН БАЪДИ ИХРОҶИ Ӯ АЗ КИШВАРИ ОЛМОН, МАҲКУМ ШУД.

БИЛОЛ ҚУРБОНАЛИЕВ БА ДАҲСОЛИ ЗИНДОН БАЪДИ ИХРОҶИ Ӯ АЗ КИШВАРИ ОЛМОН, МАҲКУМ ШУД.

Рӯзи 11-апрел ба Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” хабар расид, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Пойтахт, Билол Қурбоналиевро гунаҳкор ва ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст. Ҷаласаи додгоҳ ҳанӯз моҳи феврал баргузор шуда буд, вале танҳо рӯзи 11-апрел як манбаи номаълум аз додгоҳи Душанбе ин хабарро тасдиқ кард. Ӯро барои доштани ақидаи сиёсияш, ки намехост дар сари қудрат хонаводаи Раҳмонов боқи монад, зиндон карданд. Ҷузъиёти дигаре ба ҷуз ин қазия алон дар дасти мо нест. Ёдовар мешавем, ки Билол Қурбоналиев бо вуҷуди ҳама эътироз ва даъватҳои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба мақомоти Олмон моҳи ноябри соли гузашта, аз ин кишвар ихроҷ шуда буд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро дар нисбати Билол Қурбоналиев ангезаи сиёсӣ ва ғайриқонунӣ медонад, зеро шохаи судӣ дар Тоҷикистон мустақил набуда, балки ба фоидаи хонаводаи Раҳмонов кор мекунад. Ҳадаф аз ин ҳукм хомуш кардани озодихоҳон ва тарс додани қишри ҷавони кишвар мебошад. Ҳамчунин сабаби ифротӣ шудани ҷомеа мегардад, ки намунааш гаравидани тоҷикон ба гурӯҳои тундгарост. Ин гуна ҳукм бояд ҳукуматҳои Аврупоиро, ки боиси иҷбор рондани паноҳандагони сиёсӣ шудаанд водор кунад, то таҷдиди назар дар ихроҷи паноҳандагони сиёсӣ намоянд.

Мо аз ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ таввақуе надорем, зеро барои боздошт ва зиндон кардани фаолони сиёсӣ ҳамеша талошҳо мекунад. Аммо таввақуи мо аз ҳукуматҳои Аврупоӣ, ки иддаои “Ҳуқуқи Башар” мекунанд ин аст, ки набояд фаолони сиёсие, ки ҷонашон дар хатар аст аз кишварҳояшон ихроҷ кунанд. Зеро онҳо дар онҷо бо хатари воқеии шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ рӯбарӯ мешаванд!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза