0.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Баёнияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар робита ба зиндонӣ шудани рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ

Баёнияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар робита ба зиндонӣ шудани рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзноманигор Завқибек Саидаминиро ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин дафъа ҳам Ҳукумати саркӯбгари Раҳмонов бар асоси парвандаи сохта ва тақаллубӣ рӯзноманигореро, ки аз дарди мардум ва камбудиҳои ҷомеа сухан мегуфт, равонаи зиндон намуд. Завқибек Саидаминӣ ҳам ба мисли ду рӯзноманигори дигар: Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ бо ҳамкорӣ бо Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 ” гунаҳкор дониста мешавад. 

Маълум аст, ки мақомот аз бедории мардум дар баробари ҷиноятҳои низоми истибдодгар сахт метарсад ва равшанфикрони далеру ҳақиқатгӯйро, ки ба муқобили бедодгариҳои мақомот садо баланд мекунанд, аз байн мебарад. Аз ин рӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун ихтор ба дигар рӯзноманигорону блогнависон, равшанфикрон ва умуман мардум бо сохтани парвандаҳои сохта ва тақаллубӣ ин гуна ашхосро равонаи зиндон менамояд ва ба боло ҳисобот медиҳад, ки бо созмону ҳаракатҳои барои режим “хатарнок” мубориза мебарад. 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ қаблан ҳам бо нашри баёния дар мавриди рӯзноманигорон Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ эълом намуда буд, ки ҳеҷ як аз онҳо ба “Гурӯҳи 24” рабте надоранд ва бори дигар расман эълом медорад, ки рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ ҳам узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” нест ва бо ин созмон ҳамкорӣ ҳам надошт. Ин нуктаро намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор ҳам дар мусоҳибааш бо радиои Озодӣ таъкид намуд. 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” зиндонӣ намудани рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ ва парвандаи сохта ва тақаллубии ӯро ҳамчун туҳмат ва заъфи Ҳукумати худкома ва хонаводагии Раҳмонов  арзёбӣ намуда, онро қотеона маҳкум менамояд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза