Ба маълумоти умум мерасонем, ки аъзои фаоли “Гурӯҳи-24”, Холов Исмоил пас аз баррасии қазия ва талошҳои ҳуқуқӣ дар кишвари Арманистон дастгир шуда буд, озод гардид. Мо сипосгузории самимии худро ба ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон барои ҳамкорӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқи инсон изҳор менамоем. Арманистонро ҳамчун кишвари озод, ҳуқуқбунёд ва демократӣ мешиносем ва мутмаин ҳастем, ки дар чунин кишвар боздошти як шахси озодихоҳ ва фаоли сиёсӣ бидуни асоси ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.
Ҳамчунин, миннатдории самимии худро ба ҳамаи шахсон, созмонҳое, ки дар ин раванд ёрӣ расонданд ва дасти кӯмак дароз карданд, мерасонем. Ҳамчунин сипоси худро ба Радиои Озодӣ барои инъикоси одилона ва дастгирии иттилоотӣ баён медорем.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”