14.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Баъди ин ҳама, кадом оқил дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад?

Пешвои худхондаи миллат, Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович, ки аз рӯзи аввали ғасби қудрат то ин соат, ки 27 сол мешавад, мудом ба халқ дурӯғ мегӯяд ва ваъдаҳое медиҳад, ки онҳоро иҷро намекунад.
Рӯзи 15-уми октябри соли ҷорӣ нишасти Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе – 2018-ро таҳти унвони “Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ” дар Тоҷикистон баргузор кард ва боз мисли ҳамеша дурӯғгӯӣи худро идома дод. Ва ҳамон тавре, ки масали халқи мегӯяд, “тарки одат балои ҷон”, дар ин спектакл, фақат як актёр ба номи Раҳмонов буд, ки аз забонаш боз ҳамон дурӯғҳову ваъдаҳои кӯҳна берун омаданд ва чун ҳамеша, суханронии дуру дарозу дилбазан дошт.
Агар ба гуфтаҳои Раҳмонов диққат диҳем, мебинем, ки ин пешвои худхонда на аз иқтисод хабаре дораду на аз сармоягузорӣ. Чуноне, ки маълум аст, ҳар спектакл ба тамошобин ниёз дорад. Вале дар Тоҷикистон кам касе мондааст, ки майл ба тамошои спектаклҳои нав ба нави Раҳмонов дошта бошад, чаро ки медонад, боз ҳамон филм ё саҳначаи такрорист. Бинобар ин, тими Раҳмонов маҷбур аст, ки он толорҳоро пур кунад вале чӣ гуна?
Аз рӯи квотта ба тамоми вазорату идораҳо ва донишгоҳҳо супориш дода мешавад, ки толорро пур кунанд. Гӯё дар ин форуми байналмилалии ба ном сармоягузорӣ, соҳибкорону сармоягузорон ҷамъ шуда бошанд. Вале агар ба аҳли толор диққат кунед, мебинед, ки фақат Раҳмонов бо зердастонаш ба иловаи домодҳову духтарони дуздаш ва як ё ду то хориҷӣ ҳузур доранд, боқимонда 99% донишҷӯёне ҳастанд, ки маҷбуран аз донишгоҳҳо оварда шудааанд; донишҷӯёне, ки ба бизнесу соҳибкорӣ ягон рабте надоранд.
Раҳмонов зимни суханрониаш гуфт, дар Тоҷикистон ба маблағи 5 миллиард доллари омрикоӣ сармоягузорӣ шудааст, ки ин дурӯғи маҳз аст. Аз ин бармеояд, ки Раҳмонов ва зердастонаш, то ҳанӯз сармоягузорӣ ва қарзу кӯмаки башардӯстонаро аз якдигар фарқ намекунанд.
Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки Раҳмонов тӯли 27 сол дар Тоҷикистон чунин низоми фосиди авлодиеро ҷорӣ намудааст, ки ягон сармоягузор ба Тоҷикистон нахоҳад омад ва сармоягузорӣ нахоҳад кард. Ва мутаассифона инро бояд қайд намуд, ки ин талошҳо бе натиҷа анҷом меёбанд. Ягона давлате, ки имрӯз дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад, Чин аст. Вале маблағгузории ин кишвар сармоягузорӣ нест, балки қарзи давлатӣ аст ва дар давоми 27 сол Раҳмонов Тоҷикистонро бо қарзҳои Чин то ба гардан ғӯтавар кардааст.
Агар ин раванд идома ёбад, дур нест, ки Тоҷикистон барои Чин як вилояти Шинҷони нав шавад. Беҳуда нест, ки ҳоло дар Тоҷикистон куҷое наравӣ, хоҳ роҳ бошад, хоҳ тунел бошад, хоҳ биноҳои баландошёна бошад, дар ҳама ҷо навиштаҳои чиниро мебинӣ ва фикр мекунӣ, ки ту дар Тоҷикистон не, балки дар Чин ҳастӣ!
Бо ташаббуси Раҳмонов, имрӯз дар Тоҷикистон як сармоягузори хориҷӣ нест. Он чанд нафаре, ки буданд, кайҳо бизнеси худро партофта ё фурӯхта Тоҷикистонро тарк намуданд. Зеро дар Тоҷикистон барои бизнеси тоза ва сармоягузорӣ, ягон шароит нест. Ҳамаро Раҳмонов ва оилаи гуруснааш ғасб кардаанд.
Ахиран, Раҳмонов аз муҳоҷирони тоҷик даъват кард, ки пулашонро “бегона” накунанд ва дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.
Аҷабо! О ин мардум аз ӯ ва оилаи чашмгуруснааш ба дод омада, маҷбур шуданд тарки ватан кунанд ва дар Русия ва кишварҳои дигар тиҷорати худро аз сифр оғоз кунанд. Барои ин муҳоҷирон, сарнавишти Зайд Саидов ва Раҷабалӣ Одиневу дигарон дарси ибрат шудааст. Онҳо хуб ёдашон ҳаст, ки ба ваъдаҳои дурӯғи Раҳмонов бовар карда, тиҷорати худро дар Тоҷикистон ба роҳ монданд, вале Раҳмонов чӣ кор кард? Бо тӯҳмату бӯҳтон Зайд Саидовро паси панҷара шинонд ва тамоми тиҷорати ӯ ва ҳатто хонаҳое, ки фарзандонаш дар он зиндагӣ мекарданд, ба фоидаи худу оилаи тамаъкораш мусодира кард ва дигариро барои 24 сол равонаи зиндон кард.
Мардум, махсусан тоҷирони маҳаллӣ мусибати болои сари моликони бозори “Ином”-и ноҳияи Шаҳритус, Бурҳон Абдуллоев ва ҳамсари ӯ Санавбар Абдуллоева ё сарнавишти тоҷири фирори Илҳом Шоматов ва қатли марҳум ҳоҷи Умаралӣ Қувватовро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.

Aз сӯи дигар, ин зораву нолаи Раҳмонов аз муҳоҷирон, нишон медиҳад, ки ҳукумати ӯ муфлис шудааст ва тамоми манбаъҳои даромадаш қатъ гаштаанд ва дар натиҷа, чашм дар интизори пулҳои муҳоҷирон нишастааст.
Вақте сармоягузори хориҷӣ ба Тоҷикистон меояд, мебинад, ки дар ин кишвар аз озодӣ хабаре нест, озодии сухан ва матбуот аслан вуҷуд надорад, додгоҳ одил не, балки тобеи пурраи оила аст, ҳама ҷо порагирӣ ва порадиҳӣ, одитарин “справка”-ро бе додани пора гирифта намешавад, интернет дар бадтарин ҳолат, ягон почтаи байналмиллалӣ нест, ягона почтаи байналмиллалие, ки фаолият дошт DHL буд, онро ҳам Раҳмонов аз байн бурд. Сабаби он на танҳо барои мардуми дохил, балки барои хориҷиён низ ошкор гаштааст ва он ҳам боло будани манфиатҳои оила бар манфиатҳои халқ. Инчунин ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ иҷозат дода намешавад, ки вориди бозори Тоҷикистон шаванд, ки дар натиҷа нархи билет ба осмон расидааст.
Хулоса, имрӯз Тоҷикистон амалан ба як кишвари пулисӣ ва монополӣ мубаддал шудааст. Масалан, барои он ки ширкати худро дар Тоҷикистон кушоӣ, бояд назди даҳҳо мансабдор сар хам кунӣ, то иҷозати онҳоро бигирӣ ва “имзо” кунанд. Кадом сармоягузорӣ хориҷӣ омода аст бо чунин шароит дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад? Ҳеч кас сараш задагӣ нест!
Ногуфта намонад, ки тибқи гузориши тозаи СММ, Тоҷикистон дар рӯйхати ҷаҳонӣ аз нигоҳи даромади солонаи ММД барои ҳар фард, дар ҷойи 150-ҳум қарор гирифт ва он ҳам, миёни 188 кишвар.
Ҳамватанони азиз, худ қазоват кунед, ки Раҳмонов Тоҷикистонро ба куҷо расонда, имрӯз лоф аз ободиву пешрафт мезанад ва мардумро барои сармоягузорӣ ва тиҷорат даъват мекунад!
Раҳмонов як ба атрофат нигар! Бубин чӣ гуна кишварҳои ҳамсоя аз мо пеш рафтаанд, чӣ гуна сармояҳои бузурги хориҷиро ҷалб мекунанд, корхонаҳои калон мекушоянд, ҷои корӣ офаридаанд, ислоҳоти иқтисодию сиёсиро пиёда намудаанд, озодиҳои шаҳрвандонро ҷорӣ мекунанд. Онҳо фаҳмидаанд, ки кишварҳо замоне пешрафту тараққӣ – махсусан соҳаи иқтисодиёт – рушд мекунад, ки заминаҳои ҳуқуқӣ вуҷуд дошта бошад ва ҳуқуқи инсон дар он ҷо таъмин бошад.
Сиёсати фасоди гӯшношуниди ту Тоҷикистонро ба ақибмондатарин ва беобрӯтарин кишвари дунё мубаддал кардааст. Ягона роҳи ҳал рафтани Раҳмонов аз қудрат, барпо кардани интихоботи шафофу озод ва ташкили як ҳукумати воқеан мардумӣ, кордон, ватандӯст ва дилсӯз мебошад. Ҳукумате, ки манфиатҳои халқро аз ҳама авлотар медонад, на манфиатҳои як шахс ва як оилаи носерро.
Ҳар рӯзи боқӣ мондани Раҳмонов дар қудрат, ба маънои зиёд шудани мушкилот ва идомаи бадбахтиҳои миллату кишвар аст.
Хулоса, Раҳмонов бояд равад!

Нуриддин Ризоӣ

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза