24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст яке аз рамзҳои асосӣ ва муқаддаси давлатдории тоҷикон.
Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд қабул гардид. Он нишонаи оғози давраи нав дар таърихи давлатдории тоҷикон аст. Аз соли 2009 ин сана расман ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
Пас аз истиқлолият кишвар ниёз ба рамзҳои миллӣ дошт, то худшиносӣ ва давлатдории миллиро тақвият бахшад. Қабули парчам дар соли 1992 яке аз муҳимтарин қадамҳо дар ин самт буд.
Парчам рамзи ваҳдат, ифтихор, номуси миллӣ ва пайванд бо таърихи чандинҳазорсолаи тоҷикон аст.
Маънои рамзҳои парчам
Сурх; рамзи ҷасорат, мубориза ва хуни шаҳидони роҳи озодӣ.
Сафед; рамзи сулҳ, покӣ, адолат ва оромии ҷомеа.
Сабз; рамзи зиндагӣ, кишоварзӣ, ободӣ ва фарҳанги қадимаи тоҷикон.
Тасвири тоҷ рамзи давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ ва ифтихори таърихист.
Ҳафт ситора рамзи камол, шуҷоат, нур ва ҳафт арзиши маънавии ҷомеа мебошад.
Бо вуҷуди он ки Парчами миллӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлат аст, дар солҳои охир бо сиёсати режими диктатории Раҳмонов ба ин рамзи миллӣ муносибати дуруст ва шоиста сурат намегирад.
1. Сӯистифодаи парчам ба манфиати таблиғоти шахсӣ
Парчам, ки бояд рамзи ваҳдати тамоми миллат бошад, дар дасти режим ба абзори таблиғоти шахсӣ ва оилавӣ табдил шудааст.
Ба ҷойи гиромидошти рамзи давлатӣ, аксари чорабиниҳо ба таблиғи як шахс ва ҳокимияти оилавӣ равона мегарданд.
2. Нобаробарӣ миёни рамзҳои миллӣ ва тарҳу шиорҳои шахсӣ
Дар бисёр бинодарои давлативу шаҳру ноҳияҳо шиорҳо, расмҳо ва тарғиби Раҳмонов аз парчам баландтар ва калонтар ҷойгир карда мешаванд.
Ин беэҳтиромӣ ва костани мақоми парчам ҳамчун рамзи давлатӣ мебошад.
3. Иттиҳоми беасос ба онҳое, ки парчами ҳақиқиро гиромӣ медоранд
Шахсоне, ки воқеан рамзҳои миллӣ, аз ҷумла парчамро бо садоқат эҳтиром мекунанд ва аз зулм интиқод мекунанд, ба ҷинояткор, ифротӣ ё «душмани миллат» часпонда мешаванд.
Гӯё эҳтиром ба парчам танҳо вақте «дурӯст» аст, ки барои таблиғи диктатура хизмат кунад.
Парчами миллӣ рамзи давлат ва миллат аст, на рамзи шахс ё гурӯҳи ҳукмрон.
Беэҳтиромӣ ба парчам
беэҳтиромӣ ба миллат, таърих ва ҳуввияти тоҷикон аст.
Рӯзи Парчами миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

